«Somon Air» парвозҳои мунтазами ҳавоиро дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор кард

Март 19, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» баъд аз як соли таваққуф парвозҳои мунтазами ҳавоиро  дар масири  Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор намуд. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба- рӯзҳои чоршанбе амалӣ мегарданд. Моҳи март парвозҳо тибқи нақша аз Душанбе соати 09:30, аз Алмато 13:30 ба вақти маҳаллӣ сурат мегиранд; дар моҳи апрел вақти парвоз аз Душанбе соати 08:15, аз Алмато соати 12:05 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст,- иттилоъ медиҳад ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».

Мусофиронро мебояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ, бо забони русӣ ва ё англисӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошад (дастхат набошад). Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Пеш аз парвоз мусофирон бояд анкетаи махсусро пур намоянд. Тибқи талабот, ҳама мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Агар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Алмато маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 мебошад, тамоми хароҷоти аз ин сабаб бамиёномада ба зиммаи мусофир гузошта мешаванд. Бинобар ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки оид ба масъалаи мазкур масъулият зоҳир намоянд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 дар ҶТ) барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Қазоқистон, ҳамчунин шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Ӯзбекистон доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест. Тибқи талабот, кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Март 19, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд