Суди Олии иқтисодӣ: Баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ тамоюли афзоиш доранд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир теъдоди парвандаҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар судҳои иқтисодӣ тамоюли афзоиш дорад. Ин нуктаро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зимни ҳамоише, ки имрӯз дар Суди Олии иқтисодии мамлакат таҳти унвони «Танзими ҳуқуқии баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ: назария ва амалия» доир шуд, баён дошт.
Дар ҳамоиш роҳбарон, судяҳои судҳои иқтисодии шаҳрӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Бонки миллӣ ва мудирони махсус иштирок намуданд.
Тавре Мавлуда Қаландарзода иброз дошт, таҳлили амалияи судӣ нишон медиҳад, ки зимни ҳалли баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар самти тартиб ва таъмини мудирони махсус, иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби мудирон, бозхонди иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ, муайян намудани арзиши амволи ғайриманқул, муҳлати баррасии ин намуди парвандаҳо ва дигар мушкилиҳо ба мушоҳида мерасад.
Зикр шуд, ки бо мақсади роҳандозӣ намудани таҷрибаи ягона ва татбиқи дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба баҳсҳои муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ, баланд бардоштани масъулият зимни иҷрои уҳдадориҳо дар ҷараёни муфлисшавӣ, риояи муҳлатҳои бо қонун муқарраргардида, қабули санадҳои судии асосноку қонунӣ машваратҳои омӯзишӣ ва машваратӣ баргузор гардид.
Таҷрибаи амалияи судӣ ва таҳлили ҷараёни барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ собит намудааст, ки ин раванд, пеш аз ҳама, барои самаранок гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ, сабабҳои пайдоиши аломатҳои нодорӣ ва пардохтнопазирӣ, инчунин роҳҳои дарёфти воситаҳо барои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор равона мегардад.
Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зумрад Баротзода гуфт, ки муфлисшавӣ дар системаи иқтисоди бозоргонӣ яке аз мавқеъҳои калидиро ишғол намуда, робитаҳои молу мулки субъектҳои хоҷагидорро танзим ва қобилияти пардохтнопазирии онҳоро дар назди қарздеҳон таъмин менамояд.
Ба ғайр аз ин институти муфлисшавӣ на танҳо самти иқтисодӣ, балки самти ҳуқуқиву иҷтимоӣ низ дорад. Бинобар ин муҳимияти ҷанбаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии он зарурати таҳия ва қабули санади махсусро тақозо менамояд, ки барои ҳалли масъалаҳои пардохтнопазирӣ ва муфлисшавии субъектҳои хоҷагидор, хусусан ташкилоти қарзӣ равона гардидааст.
Ҷараёни муфлисшавии субъектҳои хоҷагидор (шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ)-ро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» танзим менамояд. Яъне дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва қабули қонуни мазкур барои муфлис эътироф намудани субъектони ғайрисамарабахш фаъолияткунанда ва пардохтнопазир заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, дар татбиқи шаклҳои нави хоҷагидорӣ ва гуногунии шаклҳои моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ, муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби иштирокчиён мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






