СУМАНАК-РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Андешаҳои мардумшинос Мумина Шовалиева доир ба таомҳои миллии наврӯзӣ

Март 22, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор- ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» омадааст, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки нишонаи соли нав аст». Иди Наврӯз — ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардум мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина Шовалиева бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба анъанаҳои маъмули ин ҷашн, бахусус омодасозии хӯрокҳо дар айёми Наврӯз суҳбат намуд.

-Анъанаҳои Наврӯз — ин гулгардон, даҳаи Наврӯз, хонатаконӣ, ҳафтсин ва ҳафтшин, бозиҳои миллӣ ва пухтани хӯрокҳои наврӯзӣ мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, дар назди ҳар хайма бо мардум ва ошпазон суҳбатҳои идона ороста, ба таври дастаҷамъӣ ташкил кардани чунин базмҳои хурсандиро аз унсурҳои асосии Наврӯз маънидод карданд. Ба андешаи Сарвари  давлат,  «Наврӯз пеш аз он ки як ҷашн ё маросим бошад, рамзи меҳру муҳаббати инсонист, василаи дур кардани кинаву адоват ва одамбадбинӣ мебошад. Ҳамин инсонгароии Наврӯз аст, ки дар дарозои таърих, новобаста ба фишору маҳдудият, ин ҷашни аҷдодӣ то замони мо расидааст. Мо бояд талош намоем, ки ҳамаи унсурҳои ин ҷашни зебои миллиро такмил дода, дар шакли комил ба наслҳои оянда мерос гузорем».

Ҷашни Наврӯзро иди деҳқон ва зироаткорон низ мегӯяд. Аз ин рӯ дар ин ҷашн  хӯрокҳое омода менамоянд, ки дар он зироати донагӣ бештар истифода мешавад. Ҳамаи хӯрокҳое, ки барои Наврӯз омода мешаванд, маъмулан аз гандум  ё ҷав омода мегарданд. Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.

Суманак — як навъ хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳояшон дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманак мепазанд. Дар Осиёи Марказӣ як навъи суманак маъмул аст. Дар Тоҷикистон модарон чор навъи суманакро омода менамоянд.

«Суманаки дегчагӣ, ки онро бештар меҷӯшонанд ва ба монанди ҳалво омода мекунанд. Пасон онро дар лаълӣ гирифта,  баъде, ки мисли ҳалво сахт шуд,  реза мекунанд. Он бештар дар ноҳияи Шаҳритус ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон омода мешавад.

Суманаки нонӣ, ки  ба оби омодагаштаи сабза орд ҳамроҳ намуда, кулча тайёр мекунанд. Онро асосан дар танӯр, ба болои лаълиҳои оҳанин гузошта, дар болои лахчаи оташ мепазанд.

Суманаки хурмагӣ, ки бештар дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Нуробод ва ноҳияҳои кӯҳистон омода мегардад. Шираи суманакро дар хурма андохта, онро  дар таги хокистари оташ тӯли як шабонарӯз нигоҳ медоранд. (Хурма гуфта, як навъ зарфи сафолиро меноманд).

«Анъанаи пухтани суманак, гандумкӯча ё кӯча, гандумбоҷ дар Помир, бичакҳои алафин ё самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим ба мо мерос мондааст»,- иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Далда (боҷ, гандумбоҷ, гандумкуча, гардобак, гандумҷӯшак, дангича)- ин намуди таоми наврӯзӣ аз ишкамба, почаки гов ё гӯсфанд ва ҳафт намуд зироати донагӣ, аз қабили гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид ва мушунг омода мешавад. Зеро рақами ҳафт рамзи хуб аст ва бояд ба хӯроки наврӯзӣ ҳафт намуд зироати донагӣ илова намоем. Ҳамаи маҳсулоти номбаршударо дар зарфи калон якҷоя карда, ба он оби бисёр илова менамоянд ва дар муддати як шабонарӯз онро дар оташи паст омода менамоянд. Ин навъи таом мисли суманак як шабонарӯз омода карда мешавад.

Оши бурида — ё угро дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва  хурсандона омода карда мешавад. Ин навъи таом аз растаниҳои фоидабахш ва хамири зуволаи бурида омода мегардад. Дар бештари минтақаҳои мамлакат онро ба навъҳои гуногун омода мекунанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ин таом танҳо дар рӯзҳои хурсандию шодӣ ва ҷашнҳои миллӣ омода мешавад.

Ғулингоб – нӯшобаест, ки аз ғулинг, яъне зардолуи хушккардашуда омода мешавад. Асосан ғулингобро дар оби ҷӯшонидаи ширгарм дар зарфҳои калон тар менамуданд. Дар таги зарф табрикоти наврӯзии бо оби заъфарон навишташуда мегузоштанд. Ҳар нафаре, ки ба хона ворид мегардид, ҳатман аз ин нӯшоба се маротиба менӯшид. Ин нӯшобаро ҳафтсалом низ мегӯянд. Дар баробари нӯшидан одамон орзуи нек мекардаанд.

Ширбиринҷ — яке аз хӯрокҳои маъмули наврӯзист, ки рамзи сафедиро инъикос менамояд. Зеро Наврӯз худ рамзи бахти сафед мебошад.  Ширбиринҷ асосан аз биринҷ ва шир омода мешавад. Ниёгони мо биринҷро ашрафи донаҳо шинохта, ширбиринҷро хӯроки малакутӣ меҳисобиданд.  Маънои дигари ин таом дур кардани душманон мебошад. Модарон дар Наврӯз ҳатман ширбиринҷ омода менамоянд.

Оши палов — дар бароби дигар навъҳои хӯрок ош низ яке аз таомҳои маъмули Наврӯзи дониста мешавад, ки дар дегҳои калон карда ба ҳамаи атрофиён тақсим менамуданд. Оши паловро аксари мардуми тоҷик дар баробари мардуми Осиё Маркази таоми асосӣ — шоҳи таомҳо арзёбӣ мекунанд. Беҳтарин Ошро    дар хонаводаҳо ва ҷашнҳо кадбонуҳо ва ошпазонӣ моҳир барои меҳмонони арҷманд тайёр мекунанд. Бештари хонаводаҳо бошанд, дастархъони худро бе оши палов тасаввур карда наметавонанд.

Бояд гуфт, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

«Дар ҷашни Наврӯз баробари хӯрокҳои болозикрнамуда дигар намудани таомҳо омада мешавад. Ба монанди шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, ордбирён, тухмшӯрбо, пиёзпиёба, лӯбишӯрбо, мошубиринҷ, мастоба, мастобаи қиммадор, манту, тушбера, қурутоб, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз мерос монданд. Бо баробари таҷлили ин ҷашни аҷоди навъҳои гуногнуи таомҳое, ки ба гушаи фаромӯши рафта буданд, имрӯз дубора эҳё ва мавриди истифода қарор гирифта истодаанд»,- афзуд Мумина Шовалиева.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 22, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад