Татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ шуд

Март 13, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷамъбасти лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев, менеҷери лоиҳаҳои тандурустии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муаззама Ҷамолова ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбари шуъбаи дастгирии системаи тандурустии Маркази  Швейтсария оид ба тандурустии байналмилалӣ Ҳелен Притерх иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки  тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ якчанд корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҳамчунин  зикр гардид, ки саҳми шарикони рушд дар татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 хеле назаррас мебошад.

Гуфта шуд, ки Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институтҳои дахлдори он дар системаи тандурустии кишвар аз соли 2003 лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (лоиҳаи Сино)-ро амалӣ намуданд, ки он дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-марҳилаи баромад» (лоиҳаи Сино) моҳи апрели соли 2017 оғоз ёфта,  моҳи марти соли 2021 ба анҷом мерасад. Фаъолияти ин лоиҳа дар ин марҳила дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Конибодом бо муваффақият амалӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки Лоиҳаи мазкур дар ҳамаи марҳилаи анҷомшуда дар ҳамкорӣ бо вазорат ва институтҳои дахлдори он, инчунин бо иштироки бевоситаи сохторҳои дахлдори ноҳияҳои таҷрибавӣ дар рушди соҳаи афзалиятноки тандурустии кишвар, ки ин хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, саҳм гузоштааст.

Март 13, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд