Тоҷикистон — вожаест, ки дар наво ва садояш накҳати ҳазорон гулу гиёҳ, покию таровати обҳои зулолро дорад,-бардошт аз маҳфили «Ширу шакар»-и Камол Насрулло

Март 16, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миллате, ки истиқлоли давлатӣ дорад, фурӯғи субҳи доноӣ ва фурӯғи маърифат дорад, миллате ки Пешвояш мегӯяд: «Ман шоиронро дӯст медорам», миллате ки беҳтарин дастоварди таърихиаш китоб аст ва миллате ки китобро мисли як тӯмори балогардон дар зери болини кӯдакон мегузорад ва миллате ки модари бузургвораш нобиғагони оламшумул ба дунё додааст, шоистаи ҳама хуҷастагиҳову фархундагиҳо мебошад.  Чунин иброз дошт Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Камол Насрулло зимни  маҳфили идонаи «Ширу шакар», ки 15 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.

Дар ин маҳфили идона, ки ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, шоирону нависандагон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстдорони каломи бадеъ,   сарояндагон, оҳангсозон, устодони санъат ва чеҳраҳои нави  саҳнаи ҳунар ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки «дар ҳошияи ҷашни Наврӯзи Аҷам бо таҳрики бевоситаи Пешвои миллат ва фаъолияти ниҳодҳои марбута имсол як силсила барномаҳо ба нақша гирифта шуда, аксари онҳо пешниҳоди дӯстдорони шеъру суруд гардонида шуданд. Ҳамоиши имрӯза давоми ҳамон силсилабарномаҳои наврӯзӣ буда, мо ҳоло бо ашъори тозаи наврӯзии Шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло шинос мегардем».

Камол Насрулло аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса  Пешвои миллат сипосгузорӣ намуда, иброз дошт, ки  баргузории чунин маҳфили шеъру суруд дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ- тарғибу ташвиқи дастовардҳои Ватани маҳбуб, ифтихор аз Тоҷикистон ва мероси пурғановати ниёгон  маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин  Камол Насрулло бо ашъори тозаэҷод хотири иштирокчиёнро болида гардонида, иброз дошт, ки вожаи муқаддас- Тоҷикистонро бисёр дӯст медорад. Зеро ин вожаест, ки дар наво ва садояш накҳати ҳазорон гулу гиёҳ, покию таровати обҳои зулол ва хониши дилангези булбулонро дорад.

-Вақте мо Тоҷикистон мегӯем, неру мегирем, мешукуфем. Ин вожа воқеан вожаест, ки дар садояш ҳама он зебоиҳои олам таҷассум меёбанд, -афзуд шоир.

Дар маҳфили эҷодии Камол Насрулло, ки толори Филармония пур аз ҳаводорони шеъри ноби устод буд, ҳунармандону устодони санъати тоҷик- Хосияти Зарафшонӣ,  Алишер Қаноатов, Чилахон Холов, Бахтиёр Иброҳимов, Ортиқи Қодир ва дигарон аз ашъори шоир шеъру таронаҳо суруданд.

Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба баланд бардоштани завқу салиқаи мухлисони сершумор мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили идонаи «Ширу шакар»  5 март оғоз шуда, то 20 март  бо ибтикори Иттифоқи нависандагон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  идома меёбад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 16, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода