ҚУЛЛАИ РАҲИМ МАСОВ. Боз як қуллаи дигари Помир тағйири ном кард

Март 4, 2021 13:43

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номи яке аз қуллаҳои кӯҳӣ иваз гардид ва акнун он ба номи олими бузурги тоҷик академик Раҳим Масов гузошта шуд, навиштааст рӯзномаи «Ҷумҳурият». Номи нави қулла, ки то ин вақт номи Донишгоҳи давлатии Ленинградро дошт, ба наздикӣ дар иҷлосияи вакилони халқи ноҳияи Ишкошими ВМКБ тасдиқ карда шуд.

Р. Масов аз соли 1988 то 2015 роҳбарии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба дӯш дошт, муаллифи беш аз 500 асари илмӣ ва илмӣ — оммавӣ оид ба таърих мебошад, ки аз ҷумла 14 -тои онҳо монографияҳо мебошанд.

Р. Масов — ташаббускор, асосгузори «Фонди ҷамъиятии илмӣ — таҳқиқотии академик Раҳим Масов» ва «Хона-музей ва китобхонаи академик Раҳим Масов» дар соли 2008 мебошад.

Аз соли 2015 то лаҳзаи фавт ин олими барҷаста ба ҳайси директори Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон кор мекард. Вай 21 июни соли 2018 дар Душанбе даргузашт.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов бо ордени Спитамен, Дӯстӣ, Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1 (2009) мукофотонида шуда, соли 2012 ӯ лауреати Ҷоизаи байнидавлатии Ситораҳои Иттиҳод ва соли 2013 — лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид.

Баландии кӯҳе, ки дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Лангар воқеъ аст, аз сатҳи баҳр 6 ҳазор метрро ташкил медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан як қуллаи дигар дар ҳамин ноҳия, ки пештар «Комсомоли Украина» ном дошт, ба «Боми Ҷаҳон» тағйири ном кард.

Ғайр аз ин, дар ВМКБ Фурудгоҳи байналмилалии Хоруғ низ ба шарафи собиқ роҳбари ин фурудгоҳ, Корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ Дилдорбек Махсутшоев номгузорӣ ҳоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон низ барои дастгирии пешниҳоди вакилони маҳаллӣ дар бораи тағйир додани номи муассисаҳои таълимии ВМКБ якчанд қарорҳо қабул кард.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 4, 2021 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд