Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ дар Тошканд соҳиби ду медали нуқра шуданд

Март 3, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик  дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду медал ба даст оварданд. Онҳо  дар сабқати даставӣ ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон медали  нуқра ба даст оварданд. Ба ҳайати дастаи бонувони  Тоҷикистон  Мавзуна Азимова, Фирӯза Зубайдова ва Фирӯза Давлатова шомил буданд. Дастаи мардон аз Анушервон Раҳимӣ, Умед Раҳмонов ва Абдуғаффор Рустамов иборат буд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи варзиши камонварии  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ  22-27 феврал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат кард.  Дар ҳарду қувваозмоӣ варзишгарони Ӯзбекистон ғолиб шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи  мунтахаби Қирғизистон гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли гузашта давоми се моҳ Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистонро татбиқ кард, ки дар ҷараёни он курсҳои омӯзишӣ барои доварон, мураббиён ва масъулини федератсия доир гардид.

Март 3, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд