Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали 18-уми мероси Шориқа иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 март то 4 апрел дар шаҳри Шориқаи Амороти Муттаҳидаи Араб Фестивали 18-уми мероси Шориқа доир мегардад, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок менамояд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазири фарҳанги мамлакат 25 март барои иштирок дар Фестивали мазкур ба шаҳри Шориқаи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд.
Зулфия Давлатзода дар доираи сафари худ бо Директори Пажӯҳишгоҳи Шориқа оид ба мерос, доктор Абдулазиз ал- Мусаллам мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти ҳифзу нигоҳдории мероси моддию ғайримоддӣ, ташриф овардани мутахассисони соҳавӣ, ташкили семинару конфронсҳо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали 17-уми мероси Шориқа иштирок намуд. Ҳокими Шориқа Шайх Султон ал-Қосимӣ ба гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фарҳанги пурғановати Тоҷикистон аз наздик шинос гардид.
Дар нақша аст, ки рӯзҳои наздик вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва кор бо ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирад.
Мавриди зикр аст, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб соли 1995 барқарор гашта, ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг ҷараён доранд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






