Вазорати фарҳанг ба 100 нафар хонандагони мактаб-интернатҳои мусиқӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ “Ховар”/. Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар хонандагони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев” ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ кумаки яквақтаинаи моддӣ расонид.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда, он аз ҷониби муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода ба хонандагон тақдим гардид. Хонандагону тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ намуда, баён доштанд, ки “имрӯз мо бепадару модар нестем, балки Ватан ва роҳбарияти олии мамлакат падару модар ва ғамхори мо мебошанд”.
Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои Вазорати фарҳанг дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма гирифта, он мунтазам амалӣ карда мешавад.
Табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон ва камбизоатон, ки ба ғамхориву кумаки ҳамешагӣ ниёз доранд, таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо бо кумаки моддиву молӣ фаро гирифта мешаванд.








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






