Вазорати корҳои дохилӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-ро қадрдонӣ намуд

Март 26, 2021 15:51

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров», ки  миёни  ҷавонони фаъоли мамлакат бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид,  Муҳаммадҷон Юсупов аз шаҳри Панҷакент бо гирифтани 150 хол дар ду давр ғолиб ва сазовори Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи пулии 5000 сомонӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамзамон бо 145 хол Шерзод Аминов аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм ва 3000 сомонӣ гардид. Мақоми сеюми озмун ва маблағи пулии 2000 сомонӣ бо гирифтани 140 хол насиби Муборакқадам Мағзумов аз шаҳри Хоруғи ВМКБ шуд.

Ёдовар мешавем, ки баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода барои баланд бардоштани сатҳи донишу илмомӯзӣ ва маърифатнокии ҷавонон, воқиф гардидан аз таъриху фарҳанг, адабиёту маданияти бою ғании миллати тоҷик ва дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ба камол расидани ин қишри ояндасози миллат Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар байни ҷавонони фаъоли кишвар баргузор гардид.

Озмуни мазкур 24-25 март дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонону наврасони аз 14 то 30-сола, ки аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ тибқи талаботи низомномаи баргузории озмун номнавис ва ба қайд гирифта шуда буданд, фаъолона иштирок намуданд.

Дар озмун сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Мансур Бухоризода зикр кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ҷавонону наврасон, донистани таъриху тамаддуни миллати тоҷик, мукаммал намудани донишу ба илмомӯзӣ рағбати бештар пайдо намудани ҷавонон роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳру навоҳии манотиқи мамлакат бо ҷалби ҷавонону наврасон, олимону мутафаккирон, мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони касбу кори гуногун чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва фарҳангиву фароғатиро роҳандозӣ менамоянд. Ин аст, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров нишони таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба ҷавонони ояндасози миллат мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар байни ҷавонони фаъоли кишвар дар ду давр баргузор гардида, аз ин миён 14 нафар иштирокчии даври аввал бо гирифтани холҳои зиёд ба даври дувум роҳхат гирифтанд. Дар даври дувум низ иштирокчиёне, ки аз ҳама бештар ва дуруст ба саволҳо ҷавоб гардониданд ва ҳамзамон холҳои бештарро назар ба рақибонашон ба даст оварданд, ғолибони озмун шинохта шуданд.

Дар ин озмун Рухсора Меликова аз ноҳияи Шаҳринав, Қобилҷон Бойматов аз ноҳияи Рӯдакӣ, Фарҳод Шарипов аз шаҳри Душанбе, Муҳаммадҷон Муродзода аз шаҳри Хуҷанд ва Абдумумин Шарифзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷониби роҳбарияти ВКД бо телефонҳои мобилии гаронарзиш қадрдонӣ шуданд. Инчунин шаш нафар иштирокчии даври дуюми озмун барои фаъолона иштирок намудан ва хондану мутолиа кардани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва таърихи миллати тоҷик ба маблағи 500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон бо ибтикори роҳбарияти ВКД ба тамоми духтарону бонувони иштирокчии озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Март 26, 2021 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад