Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Вазъи санитарию эпидемиологӣ оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил аст
ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло вазъи санитарию эпидемиологӣ оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора 3 март зимни ҷаласаи ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 тариқи онлайн баргузор гардид, гуфта шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, новобаста ба он ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳамарӯза дар ду марҳила ҷаласаи ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи онлайн баргузор карда мешавад.
Дар ҷаласаҳои ситоди вазорат масъалаҳои гардишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ мешаванд.
Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гардишҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Дар ҷаласаи ситод Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, сардорони якчанд раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва дигар масъалаҳои соҳаро баррасӣ намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






