Ёздаҳ варзишгари маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия- 2021 иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 9 апрел дар шаҳри Бишкеки кишвари Қирғизистон «Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021» доир мегардад, ки дар он 11 варзишгари шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё муаррифӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:
| Вазн: | Иштирокчӣ: |
| -48кг | Шукрона Карчиева |
| -52кг | Аҳлия Мӯъминова |
| -52 кг | Фазилат Гулбоева |
| -60 кг | Шаҳбоз Саидабуроров |
| -73 кг | Сомон Маҳмадбеков |
| -81кг | Акмал Муродов |
| -81кг | Ҳақназар Назаров |
| -90 кг | Комроншоҳ Устопириён |
| -90 кг | Ҷаҳонгир Маҷидов |
| +100 кг | Темур Раҳимов |
| +100кг | Хуршед Маҷидов |
Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг; Мардон: -60, -66 кг
Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг; Мардон: -73, -81 кг
Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг; Мардон: -90, -100, +100 кг
Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)
Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






