20 муассисаи олии таълимии Тоҷикистон мутахассиони соҳаи сайёҳӣ омода менамоянд

Апрель 22, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар 20 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи беш аз 15 намуд ихтисоси сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз оғози имсол донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар Кумитаи рушди сайёҳӣ давраи таҷрибаомӯзӣ гузарониданд.

Ҳоло давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ идома дорад.

Зимни вохӯрӣ бо гурӯҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода гуфт, ки  “бо мақсади омодасозии  кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён фароҳам оварда шуда, онҳо ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтару бештар пайдо кардан ҷалб карда мешаванд”.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои сайёҳӣ ҳамасола давраҳои омӯзишӣ бо иштироки роҳбарияти ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни бахши сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти муосири сайёҳӣ  таъмин карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин замина омода намудани  мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳии кишварамон нақши муассир дорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 22, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид