Ғафур Муҳсинзода: Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили маводи нашъамандӣ устувор мебошад

Апрель 15, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо  Президенти Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии «Маркази илмӣ-амалии наркологияи шуъбаи тандурустии шаҳри  Москва», профессор, доктори илмҳои тиб Брюн Евгений Алексеевич, сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Федератсияи Россия, раиси ҷаласаи ҳамоҳангсозии наркологҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Шевтсова Юлия Бронюсовна, мутахассиси пешбари илмии Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии «Маркази илмӣ-амалии наркологии шуъбаи тандурустии ш.Москва» Меплихов Михаил Геннадиевич, котиби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Негай Николай Анатолеевич, Директори генералии Муассисаи давлатии давлатии ҷумҳуриявӣ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагии «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии солимии рӯҳии Ҷумҳурии Қазоқистон, сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Вазорати тандурустии Қазоқистон Жанерке Омарова ва  корманди Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Раёсати  Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ғафур Муҳсинзода роҷеъ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кумаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср изҳори назар намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо дар мубориза ба муқобили маводи нашъамандӣ устувор  мебошад.

Дар идомаи ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба истеъмоли гайритиббии маводи нашъадор дар кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД), мушкилоти пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд ва ҳамоҳангсозии ҳамкории мутақобиларо баррасӣ  намуданд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти табобат ва пешгирии бемориҳои наркологӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

 

Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд