Ҳайати ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди он 12 апрел дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо ҳайати намояндагони ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия таҳти роҳбарии муассис ва мудири иҷроияи ин ширкат Моҳд Абдул Карим бин Абдулло дар Душанбе баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Моҳбону Накҳатзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ шинос намуда, ҳавасмандии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти роҳандозии ҳамкории судманд бо сармоягузорон ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба низоми бонкии кишвар иброз намуд.
Моҳбону Накҳатзода таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.
Моҳд Абдул Карим бин Абдулло ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии бонки рақамӣ (digital banking) ва таъсиси платформаи содирот ва воридоти байни кишварҳои ACEAN ва Осиёи Марказӣ иброз намуд.
Ҳамзамон номбурда таъкид намуд, ки ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» дар баробари таҳкими рушди тиҷорат, инчунин омода аст ҳамкории густурдаро бо бонкҳои Тоҷикистон дар самти густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда, ба ин васила барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкии кишвар, инчунин рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд. Мусоҳибон иброз доштанд, ки барои густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ сайъ хоҳанд кард.
Ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» яке аз ширкатҳои рушдёфта ва бонуфузи Малайзия буда, дорои беш аз 30 ширкатест, ки дар 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Амрико дар самтҳои муҳандисӣ, технологияҳои компютерӣ, сохтмони неругоҳҳои барқӣ ва иқтисодиёти рақамӣ фаъолият мекунад.










Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






