Ҳайати ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид намуд

Апрель 13, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди он 12 апрел дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо ҳайати намояндагони ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия таҳти роҳбарии муассис ва мудири иҷроияи ин ширкат Моҳд Абдул Карим бин Абдулло дар Душанбе баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Моҳбону Накҳатзода меҳмононро бо  вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ шинос намуда, ҳавасмандии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти роҳандозии ҳамкории судманд бо сармоягузорон ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба низоми бонкии кишвар иброз намуд.

Моҳбону Накҳатзода таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.

Моҳд Абдул Карим бин Абдулло ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии бонки рақамӣ (digital banking) ва таъсиси платформаи содирот ва воридоти байни кишварҳои ACEAN ва Осиёи Марказӣ иброз намуд.

Ҳамзамон  номбурда таъкид намуд, ки ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» дар баробари таҳкими рушди тиҷорат, инчунин омода аст ҳамкории густурдаро бо бонкҳои Тоҷикистон дар самти густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба роҳ монда, ба ин васила барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкии кишвар, инчунин рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд. Мусоҳибон иброз доштанд, ки барои  густариши ҳамкорӣ дар низоми бонкӣ сайъ хоҳанд кард.

Ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» яке аз ширкатҳои рушдёфта ва бонуфузи Малайзия буда, дорои беш аз 30 ширкатест, ки дар 20 кишвари дунё, аз ҷумла Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Амрико дар самтҳои муҳандисӣ,  технологияҳои компютерӣ, сохтмони неругоҳҳои барқӣ ва иқтисодиёти рақамӣ фаъолият мекунад.

Апрель 13, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд