Бахшида ба «100 рӯзи муқовимат ба савдои одамон» дар Хуҷанд ҳамоиш доир шуд

Апрель 1, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Баҳри таъмини иҷрои «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «100 рӯзи муқовимат ба савдои одамон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур дар асоси нақшаи муштараки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» ва «Фонди рушди ҷомеа» баргузор карда шуд.

Зикр гардид, ки баргузории маъракаи «100 рӯзи муқовимат ба савдои одамон» ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ ва маърифати ҳуқуқии субъекҳои муқовимат, кормандони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо оид ба масъалаҳои савдои одамон ва иҷрои «Нақшаи миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» мусоидат менамояд.

Апрель 1, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд