Дар Душанбе молу маҳсулоти «Made in Belarus» ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел шаҳри Душанбе мизбони намоишгоҳи молҳои тавлидотии Беларус таҳти унвони «Made in Belarus» мегардад, ки он дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» ташкил карда мешавад. Интизор меравад, ки беш аз 40 ширкати Беларус молу маҳсулоти худро, ки аз техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ, доруҳои байторӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, саноати чӯбкорӣ, ҷевон, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ, туризми тиббӣ, техника ва дастгоҳҳои истихроҷи маъдан, инфрасохтори нақлиётӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва пардозӣ, технологияҳои илмӣ, маҳсулоти ороишӣ, маводи кимиёвӣ ва ашёи рӯзгор иборатанд, ба намоиш гузорад.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар доираи намоишгоҳи «Made in Belarus» дар Душанбе ҳамзамон Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва Форуми тиҷоратии се кишвар баргузор мегардад.
Дар Форуми тиҷоратӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Беларус матраҳ мегарданд. Ин чорабиниҳо дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ гузаронида мешаванд.
АКС: аз манбаъҳои боз








Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд






