Дар Кӯлоб бунёди 15 корхонаи азими саноатӣ пешбинӣ шудааст

Апрель 26, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 26.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат  тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин замина, дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои  солҳои 2020-2025»  бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, замонависозии 5 корхонаи фаъолияткунанда ба арзиши  беш аз 4,0 млрд. сомонӣ  бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, айни замон теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб  ба 46 адад расидааст, аз ҷумла дар шаҳр 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд.

Мавриди зикр аст, ки бо  назардошти ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди саноат-соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар корхонаҳои мазкур  зиёда аз 180 номгӯй маҳсулот, аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шустагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ  ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.

Дар шаҳр тамоми шароит барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ фароҳам оварда шудааст, бинобар ин аз ин имконият истифода намуда, ҳар моҳ ҳаҷми маҳсулот бояд зиёд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои  солҳои 2020-2025”  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ гардида, дар он афзалият ба  рушди соҳаи саноат  дода шудааст. Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 барномаи мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва тариқи китобча чоп карда шудааст.

Акс аз Манбаъҳи боз

Апрель 26, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид