Дар пайравӣ ба даъвати Раиси шаҳри Душанбе барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ҳашари ободонӣ доир гардид

Апрель 13, 2021 09:36

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ободонӣ доир гардид.

Дар доираи он бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Академия дар ҳудуди кӯчаи мазкур корҳои тозакунию сабзкорӣ сурат гирифта, донишҷӯёну кормандони Академия саҳни боғу гулгаштҳо, роҳравҳо ва курсиҳои нишастро тозаву озода карда, партовҳоро бароварданд.

Ҳамзамон тамоми нишасткурсиҳо ва панҷараҳои атрофи гулгаштҳо рангу бор карда шуда, фурӯзонакҳои кӯҳна ба нав иваз карда шуданд. Инчунин дар ин гулгашт 10 адад қуттии партов гузошта шуд.

Кормандону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ дар амалӣ намудани ин иқдом бетараф набуда, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳар ҳафта дар боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе корҳои ободонию сабзкорӣ идома дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 23 сентябри соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт  даъват ба амал оварданд, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбе саҳм гузоранд. Бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои кишварҳо, ин пешниҳод талаби замон буда, метавонад ҳамовозии саросарӣ касб кунад

Тайи чанд соли охир шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо ва ободу осуда муаррифӣ гаштааст. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам гардид.

Ҳамасола дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар мавсимҳои гуногун дарахтони зиёди сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслҳо ба «Шаҳри сабз» табдил ёфтааст.

Апрель 13, 2021 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд