Дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд дар шаҳри Хуҷанд мактаби «Оксфорд» бунёд мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мактаби «Оксфорд» бо саҳми соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи «Оксфорд»-и Британияи Кабир бунёд гардида, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад. Ҳоло қариб 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода қарор гирад.
Дар муассисаи таълимии мактаби «Оксфорд» 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин махзани таълимӣ усули таълими байналмилалӣ ва замонавӣ роҳандозӣ намояд.
Зимни боздид аз ҷараёни сохтмони мактаби мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси иншоот дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, босифат ба анҷом расонида шаванд.
Бояд гуфт, ки донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд. Барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур мебошад.
Хушбахтона, бо дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Тоҷикистон намояндагии донишгоҳу коллеҷ ва макотиби зикршуда таъсис ёфта, дар заминаи онҳо ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё омодагӣ мебинанд.
Акс: манбаъҳои боз








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






