Дастаи вилояти Суғд ғолиби Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Зӯрхона»-и шаҳри Душанбе байни варзишгарони дастаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ доир гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дастхобонӣ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи мазкур аз дастаи вилояти Суғд 32 нафар варзишгар, аз он 12 нафар бонувон иштирок намуда, бо гирифтани 9 медали тилло, 11 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гардиданд.
Ба таъкиди масъулини мусобиқа, ҳадаф аз баргузории чемпионат- тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди ин намуди варзиш ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






