Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ҷамъбаст гардид

Апрель 24, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 24.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Иcтиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир шуд. Дар даври ҷамъбастии фестивали мазкур тибқи хулосаи ҳакамон ҷойи аввал насиби ҳунармандони шаҳри Душанбе шуда, ҷойи дуюмро ҳунармандони вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва ҷойи сеюмро ҳунармандони вилояти Суғду ноҳияи Рӯдакӣ сазовор гардиданд. Ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ Ҷом, диплом ва туҳфаҳои молӣ тақдим гардида, иштирокчиёни фаъоли фестивал  бо  Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Дар ин  рӯз намои боғ фазои фарҳангӣ дошта, ҳунармандон  маҳсули заҳмати худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон эҳё гардида, босуръат рушд намуда истодаанд.

-Бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат 3 сол аст, ки дар Тоҷикистон озмуну фестивалҳои гуногун доир шуда, сол то сол мазмун ва муҳтавои онҳо беҳтар мегарданд. Ҳунару ҳунармандӣ яке аз омилҳои бисёр қадимии аҷдоди мо аст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо шарофати Пешвои миллат  ҳунарҳои гуногуни миллӣ эҳё гардидаанд. Мо шоҳиди он гаштем, ки даҳҳо ҳунарҳои гуногуне, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд  аз нав рӯи кор омаданду фарзандони ҳунарманди тоҷик онро дубора ва бо диди тоза зинда карданд,—афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Инчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зикр кард, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон аз андозҳо озод карда шуда, барои ҳунармандону соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок  муқаррар гардидаанд.

Натиҷаи тадбирҳои андешида нишон дод, ки дар ин муддат бисёр намудҳои ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, сафи соҳибкорон ва ҳунармандон афзудааст.

Тибқи маълумот,  айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият намуда, аз имтиёзҳои андозии фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода мебаранд.

Корманди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода иброз намуд, ки  дар фестивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ҳунармандон аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат, ки дар даври вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карда буданд, даъват гардидаанд.

-Дар заминаи дастгириҳо ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат бо мақсади эҳё ва муаррифии ҳунари волои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд, ки дар ин замина ба рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин солҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  якчанд имтиёзҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳунару ҳунармандӣ ба косибон дода шуд, ки ин ҳам аз ғамхории давлату Ҳукумат шаҳодат медиҳад,-гуфт Каримҷон Салимзода.

Дар даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳунар беҳтар  аз зар бувад»  ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили зарфҳо, матоъҳо, асбоби мусиқӣ, қолинҳо, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, маснуоти заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди маҳсулоти ҳунармандиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Роҳбари корхонаи созтарошӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  Устодонаи Зиё дар фестивал асбоби мусиқии суннатии тоҷикро ба маърази тамошо гузошт, ки ҳар бинандаро ба ваҷд меовард. Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд, ки 51 соли умри худро сарфи ин ҳунар кардааст ва ҷиҳати ба мерос гузоштани ин касб, яъне сохтани асбоби мусиқии суннатии тоҷик ба шогирдон то ҷое муваффақ шудааст, зеро имрӯз шогирдонаш аз нозукиҳои ҳунари созтароши ба хубӣ огаҳ буда, барои ҳунамармандон асбоб меофаранд.

Ҳунармандони моҳир дар ҳама давру замон усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд, ки бевосита барои пешравии зиндагиашон мусоидат менамуд. Инчунин ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд. Табақтарошӣ аз ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки то кунун талабот ба он зиёд аст. Зеро воқеан хӯрдани хӯрок дар табақи чӯбин лаззати дигар дорад.

Бояд гуфт, ки баргузории фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба наслҳои оянда пешниҳод намудани ҳунари аҷдодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуда, дар он беҳтаринҳо муайяну бо туҳфаҳо  қадрдонӣ шуданд.

София ШОИК,
Мақсуд МУҲИДДИНҶОН
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО  аз АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд