Дар ноҳияи Шуғнон маъракаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ 40 нафар даъватшавандагон, ки 100 фоизи иҷрои дурнамои даъвати ҳарбиро ташкил медиҳад, пас аз муоинаи тиббӣ қобили хизмат дониста шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994 – 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ҷавонписарони ноҳияи Шуғнон ба нуқтаи даъвати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштанд.
Ёдовар бояд шуд, ки чанд мавсими даъват аст, ки ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон ихтиёрона ба нуқтаи даъват барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуда, даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






