Хонандаи мактаби №5-и шаҳри Норак дар Озмуни байналмилалии адабӣ-бадеӣ ғолиб омад

Апрель 14, 2021 14:20

 ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак Алия Қурбоналиева дар Озмуни  байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто миёни 268 нафар иштирокчиён аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон  иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи якум гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад. 

Ба ин муносибат раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ғолиби озмун Алия Қурбоналиеваро бо дастоварди назаррас табрик намуда, ғолиби озмун, директори муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва падару модари хонандаро бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.

Озмуни мазкур ба таври онлайн сурат гирифта, аз ду номина- видеои қироати шеърҳо аз ашъори шоири рус ва таҳияи албоми мавзӯӣ иборат буд.

Тавре муаллимаи Алия Гулшан Мусоева иброз дошт, дар озмун 19 нафар хонандагони мактаби №5 шаҳри Норак видеороликҳо аз ашъори Агния Барто ва расмҳои кашидаи  худро ба ин озмун фиристоданд.  Аз миёни 19 нафар хонанда Алия соҳиби ҷои аввал  гардид. Хонандагони дигари ин мактаб барои иштирок дар озмун бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.Муаллима Гулшан Мусоева низ барои тайёр намудани иштирокчиёни озмун бо Диплом қадрдонӣ шуд.

Мақсади Озмуни  байналмилалии адабӣ-бадеӣ- дарёфт ва дастгирӣ намудани  иштирокчиёнест, ки сатҳи баланди тайёрӣ ва қобилияти фавқулодаро дар соҳаи забони русӣ, адабиёти рус, санъати тасвирӣ, санъати суханварӣ ва маҳорати театрӣ дороянд.

 

Апрель 14, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид