Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар тариқи маҷозӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар 12 апрел ба кор оғоз намуд, ки то 16 апрел тариқи маҷозӣ идома меёбад. Дар иҷлосияи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СММ ва намояндагони дигар ташкилот сухан гуфтанд.
Директори Агентӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, пешравиҳо ва мушкилот дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандиро баён дошт.
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷараёни мулоқот доир ба дастгирии мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, кишварҳои донор дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ибрози назар карда, ҳамкории тарафайнро мусбат арзёбӣ намуд.
Мавсуф ҳамзамон дар бораи хатари нигаронкунандаи паҳншавии маводи нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон сухан гуфта, оид ба усулҳои нави фурӯши ин мавод тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мушкил мегардонанд, мубодилаи афкор намуд. Инчунин аз ҳамоҳангии ҷомеаи байналмилалӣ тавассути Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовару ҷинояткорӣ ва дигар кишварҳои ширкаткунандаи ҷаласа дар пешгирии ин омили номатлуб даъват ба амал овард.
Дар анҷоми суханронӣ директори Агентӣ баён дошт, ки “мо ҳамкориро дар мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар пурзӯр намуда, ҳамзамон дар ҳифзи башарият аз ин падидаи номатлуб саҳми арзанда хоҳем гузошт”.
Инчунин ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони “Механизмҳои байналмилалӣ ва чораҳои минтақавӣ, 60-солагии Конвенсияи ягонаи СММ оид ба маводи нашъаовар ва 10-солагии Ёддошти тафоҳум байни СҲШ ва UNODC”, ва дар чорабинии канории Федератсия Россия дар мавзӯи “Пандемияи COVID-19”- таъсири он ба мушкилоти ҷаҳонии маводи нашъаовар: таҳдидҳои нав ва дурнамо”, ки тариқи маҷозӣ баргузор гардиданд, иштирок намуда, сухан гуфт.
Чорабиниҳо дар доираи баргузории Иҷлосияи 64-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар идома доранд.
АКС аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ










АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






