Имрӯз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мешавад

Апрель 2, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар Москва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Бори аввал аз моҳи октябри соли 2019 инҷониб ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ сурат мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Қарор аст, ки вазирони корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни татбиқи Барномаи амалро оид ба густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар доираи Иттиҳод дар соли 2020 баррасӣ кунанд.

Илова бар ин, вазирон санадҳоеро, ки ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод карда мешаванд, қаблан мувофиқа мекунанд. Ин, пеш аз ҳама, лоиҳаи Муроҷиати Сарони давлатҳо ба халқҳои кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад.

Ду санаде, ки лоиҳаҳояшон барои тасдиқ аз ҷониби Шӯрои вазирон пешниҳод гардидаанд, баъдан барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳо фиристода мешаванд. Ин санадҳо ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, картография, кадастр ва таҳқиқи зондии фосилавии Замин ва таъсиси ташкилоти заминавӣ дар соҳаи тайёрии амалиётӣ-стратегии афсарони қувваҳои мусаллаҳро фаро мегиранд.

Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа нақшаҳои амалии миёнамуҳлат оид ба татбиқи стратегияҳои дар Иттиҳод амалкунанда — рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва соҳаи сайёҳӣ тасдиқ карда шаванд.

Пахши мустақими ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро метавон дар портали интернетии ИДМ (e-cis.info) пайгирӣ намуд. Пахши барнома соати 12.00 ба вақти Москва оғоз мешавад.

Пас аз мулоқот нишасти матбуотӣ сурат мегирад. Пахши онро дар портали интернетии ИДМ низ дидан мумкин аст.

                          АКС аз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Апрель 2, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид