Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи «Made in Belarus» ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и пойтахт намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Беларус бо номи «Истеҳсоли Беларус» («Made in Belarus») ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.
40 корхона ва ташкилоти Беларус дастовардҳои соҳаҳои мухталифро пешниҳод мекунанд: маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшокиҳо, таркибҳои ғизоӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ, мошинсозии кишоварзӣ, дамгирӣ ва сайёҳии тиббӣ.
Барномаи намоишгоҳро форуми тиҷоратии «Тоҷикистон — Беларус — Афғонистон» ва форуми аграрии «TajBelAgro», ки 6 ва 7 апрел баргузор мешаванд, пурра мекунанд.
Чорабиниҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Беларус бахшида шудаанд.
Аз Беларус ба Душанбе ҳайати бонуфуз омадааст, ки ба он Вазири кишоварзӣ ва хӯрокворӣ Иван Крупко, раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Владимир Улахович, муовини Вазири саноат Александр Огородников, муовини Вазири варзиш ва сайёҳӣ Михаил Портной, муовини Раиси Консерни давлатии Беларус оид ба саноати хӯрокворӣ Александр Яковчитс, инчунин намояндагони роҳбарияти вазоратҳо, минтақаҳо ва корхонаҳои бузурги Беларус шомил мебошанд ва дар намоишгоҳ ва ду форум иштирок хоҳанд кард.
Намоишгоҳ барои доираҳои тиҷоратии се кишвар — Тоҷикистон, Беларус, Афғонистон баргузор мешавад. Нигораҳо дар шакли муаррифӣ пешниҳод карда мешаванд, чошнӣ ва фурӯши чаканаи маҳсулоти Беларус пешбинӣ нашудааст.
Ташкилкунандаи намоишгоҳи «Made in Belarus» ширкати намоишии «Belinterexpo» -и Палатаи савдо ва саноати Беларус мебошад.
Ҳамаи чорабиниҳо бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






