Исмоил Сафаров соҳиби «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси якуми Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Исмоил Сафаров дар Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» аз рӯи равияи «Технологияҳои иттилоотӣ» (ғайритахассусӣ) ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Озмуни мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат доир гардида, ду рӯз идома ёфт.
Ректори Донишкада, дотсент Убайдулло Асрорзода дар маросими ифтитоҳи озмун меҳмонон ва донишҷӯёнро шодбош гуфта, зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати маорифпарваронаи хеш, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шаванд.
«Итминони комил дорем, ки дар озмун истеъдодҳои ҷавон, донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар донишу маҳорати хешро ҳамаҷониба санҷида, минбаъд чун бузургони барҷастаи илми тоҷик барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ дар мамлакат нақши арзишманд мегузоранд»,-иброз намуд ректори Донишкада.
Дар маросими ифтитоҳи озмун ҳамзамон намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Қабл аз оғози озмун намоиши дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён ва эҷодиёти онҳо баргузор гардид. Дар доираи озмун барои иштирокчиён барномаи «Шоми фарҳангӣ» низ доир карда шуд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун Вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода иштирок намуда, ғолибонро бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
АКС аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






