«МАН — ТОҶИКАМ». Қиссаи Парвиз аз Душанбе, ки ба Россия рафта, соҳибкор ва видеоблогер шуд

Апрель 27, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Екатеринбурги Россия муҳоҷир аз Тоҷикистон Парвиз Абдулоеви 35-сола, ки дар тӯли 10 сол тавонист дар Россия соҳибкори муваффақ, видеоблогер ва дӯсти ҳазорон ҳамватанонаш гардад, маъруфияти бештар пайдо мекунад.

Парвиз Абдулоев, собиқ омӯзгори забонҳои англисӣ ва кореягӣ дар Тоҷикистон, чун теъдоди зиёди тоҷикистониён соли 2011 барои пулкоркунӣ ба Россия омад. Дар ватанаш ӯ бо шарофати шабакаи YouTube -и «Ман тоҷикам», ки дар он дар бораи саргузаштҳояш дар Россия нақл мекунад, машҳур шудааст. Ҳоло қариб 50 ҳазор нафар ба шабака обуна шудаанд, дар ин ҷо наворҳои нав дар бораи «Таганский ряд», ҷойҳои кории холӣ барои тоҷикон дар Екатеринбург ва ҳатто ремейкҳои барномаҳои россиягии «Давай поженимся» («Биё издивоҷ кунем») ва «Жди меня» («Маро мунтазир бош») ҳар рӯз пайдо мешаванд. Ҳангоми мусоҳиба бо портали «66.RU» -и Россия Парвиз Абдулоев дар бораи Тоҷикистон, таассуроти манфиаш аз русҳо, тиҷораташ дар «Таганский ряд» ва арзиши видеоблог барои муҳоҷирон нақл кард.

Танкҳо, талонҳо ва «Алифбо»: тифлӣ дар Тоҷикистон

Ман соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаам ва пас аз шаш сол дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Ёд дорам, чи тавр БТР аз назди ҳавлии мо мегузашт. Ҳама чизеро, ки рӯй медод мо ҳамчун бозӣ мепиндоштем: вақте ки танкҳоро медидем, бо ваҷд ва  садои баланд дод мезадем. Акнун ман мефаҳмам, ки хатар ҳамеша дар паҳлӯи мо будааст. Дар оилаи мо 10 кӯдак тарбият меёфт ва гоҳо иттифоқ меафтод, ки дар солҳои гуруснагӣ пас аз ҷанг мо талонҳо дар даст дар мағозаҳо дар навбати нон меистодем. Тоҷикон — халқи сабуранд.

Дар синфи якум ман «Алифбо» мехондам. Дар кӯча мерафтам ва бо садои баланд ин китобро мехондам, ба маънои томаш фарёд мезадам. Тасаввур мекардам, ки модарам маро мешунавад, гарчанде ки то хонаи мо роҳ бисёр дур буд. Эҳтимол ин мусбаттарин хотироти кӯдакиам бошад.

Пас аз хатми мактаб соли 1998 мо ба Душанбе кӯчидем. Ман асари ҷангро ба зиндагии пойтахт эҳсос накардам, аммо мо хурд будем ва шояд чизҳоеро пайхас намекардем. Ман медонистам, ки дар наздикии Душанбе ноҳияҳое ҳастанд, ки кӯдакон бо сабаби ҷанг ба мактаб рафта наметавонистанд. Аксари тоҷикон фурсати таҳсил надоштанд, зеро панҷ соли пурар ҷанг идома дошт.

Ҳанӯз дар  мактаб ман дар бораи ояндаи худам фикр мекардам. Падару модари ман ҳамеша бо кор банд буданд, бародаронам дар Россия зиндагӣ мекарданд ва барои ҳамин ман маҷбур шудам, ки худам касб интихоб кунам. Дар мактаб ҳамаи талабагон муаллимонро эҳтиром мекарданд ва ман роҳбари синфамонро модар гуфта хитоб мекардам. Барои ҳамин хостам муаллим шавам, то ин ки маро эҳтиром кунанд. Ман ба фокултаи забонҳои хориҷии донишкадаи омӯзгории маҳаллӣ дохил шуда, забонҳои англисӣ ва кореягӣ омӯхтам. Аз соли 2006 дар мактаб аз забони англисӣ дарс мегуфтам.

Дар он вақт дар кишвар кор ёфтан мумкин буд, аммо дар ҳама ҷо музди ночиз медоданд. Маоши муаллим барои ман кофӣ буд, гарчанде ки он хеле кам буд — қариб 1000 рубл дар як моҳ. Маоши бисёр одамон намерасид, аммо барои ман осонтар буд — ман дар бозор тухми мурғ мефурӯхтам. Ҳоло муаллимон бештар — 7-8 ҳазор рубл мегиранд.

Дар моҳи январи соли 2011 падарам вафот кард. Барои ман душвор буд, зеро бори аввал ман марги шахси азизамро дидам. Бародари калонӣ тасмим гирифт, ки ман бояд ҳамроҳи ӯ ба Екатеринбург кӯчида равам. Ман зимистон ба Россия рафтам ва бо худ на кулоҳ доштам ва на камзӯл. Дар мошин бародарам ба ман либосҳои гарм дод, аммо то ин вақт ман дар кӯча ях карда будам — пас аз ин ман қариб як моҳ бемор будам.

Ман ҳамроҳи  бародарам дар «Таганский ряд» кор мекардам. Дар аввал мо чой ва қаҳва мефурӯхтем, пас дӯкони конфетфурӯшӣ кушодем. Сипас мо тасмим гирифтем, ки тиҷорати худро ташкил кунем — дар ширкати алоқаи мобилӣ қарор гирифтем. Ҳамин тавр  соли 2016 ҶДММ  «Санбой» пайдо шуд: ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаам, аз ин рӯ ман писаре аз кишвари офтобӣ ҳастам (дар тарҷума аз англисӣ sun —офтоб ва boy — писар аст, — шарҳи идора).

Дар толор мо телефонҳои тоҷиконро ба операторони Россия пайваст мекунем, симкортҳо, гадҷетҳо ва лавозимот мефурӯшем. Мо инчунин кассаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дорем, зеро на ҳама тоҷикон забони русӣ ва чӣ гуна истифода бурдани интернетро хуб медонанд. Дар аввал кори тиҷорат бароямон душвор буд: мо намедонистем тиҷорати худро аз чӣ оғоз кунем. Аммо мо мақсад доштем ва барои ҳамин ҳама мушкилотро паси сар кардем.

Аксари тоҷикон барои пулкоркунӣ ба Россия меоянд ва пулҳояшонро ба хонаҳояшон мефиристанд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳамин тавр буд: мо дар ёд дорем, ки чӣ тавр волидони мо аз Россия бо туҳфаҳо бармегаштанд, зеро пештар онҳо ҳам дар ин ҷо пул кор мекарданд.

Баъзе одамон чунин меҳисобанд, ки тоҷикон танҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд. Аммо чунин нест: тоҷикон дар ҳама ҷо ҳастанд. Онҳо ба сифати сартарош, духтур, челонгар, фурӯшанда кор мекунанд. Онҳоро инчунин дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дидан мумкин аст. Дар Тоҷикистон одамоне ҳастанд, ки кабобро бисёр болаззат мепазанд ва чунин ошпазҳо дар тамоми ҷаҳон ёфт намешаванд.

Ман ҳеҷ гоҳ худро дар Екатеринбург бегона ҳис намекардам. Рӯзе ҳамроҳи оилаам ба трамвай даромадем ва як кампир ба мо ҷой дод. Ман шок шудам! Дар Тоҷикистон ҳама чиз баръакс аст: волидайн бо фарзандонашон ба пиронсолон ҷой медиҳанд. Дар Россия ҳама занони кӯдакдорро эҳтиром мекунанд.

Дар ҳамаи кишварҳо одамони манфӣ ҳастанд. Дар Россия шумораи онҳо дар байни кондукторҳо зиёд аст. Муносибати онҳо бо тоҷикон бад аст, моро тела медиҳанд. Ман мефаҳмам, ки барои чӣ: кондукторҳо барои он хашмгинанд, ки тамоми рӯз кор мекунанд ва хеле хаста мешаванд. Баъзе русҳо нисбат ба тоҷикон барои он муносибати манфӣ доранд, ки рафтори муҳоҷирони ба Россия омада чунон аст, ки гӯё онҳо дар хонаи худашон ҳастанд. Вақте ки инсон тарзи ҳаёт ва маишати каси дигарро эҳтиром мекунад, ӯро низ эҳтиром мекунанд. Ҳамааш ба худи шахс ва рафтору кирдори ӯ вобаста аст. Дар маҷмӯъ ман чизҳои манфӣ кам мебинам. Русҳое, ки нисбат ба тоҷикон муносибати бад доранд, шояд ҳеҷ гоҳ бо онҳо ҳатто ҳамсуҳбат нашуда бошанд. Аксари аҳолии маҳаллӣ ман ва дӯстонамро эҳтиром мекунанд.

«Ман — тоҷикам» — канал дар бораи зиндагӣ ва ниёзҳои муҳоҷирон

Дар Тоҷикистон ман тӯйҳоро дар сатҳи ҳаваскор ба навор мегирифтам: ин кор ба ман ҳамеша маъқул буд. Боре дар хона ман телефонамро бо маблағи 400 рубл дар як рӯз ба интернети мобилӣ пайваст кардам ва ба гузоштани видеоҳо дар YouTube шурӯъ кардам. Баъдтар  фаҳмидам, ки барои сарфа кардани трафик кас метавонад видеоҳои ҷолиби якдақиқагиро дар YouTube гузорад.

Соли 2015 ман канали якуми худро ифтитоҳ кардам. Муддати зиёд дар бораи номи он фикр мекардам ва шакли якуми он «Садои муҳоҷир» буд. Ман зуд фаҳмидам, ки набояд худро ҳамчун муҳоҷир нишон диҳам, барои ҳамин номро аз мағоза гирифтам — «Санбой ТВ». Соли 2017 ба Москва рафтам ва   камераи нав харидам. Аз ҳамон лаҳза беш аз пеш ба наворбардорӣ машғул мешавам.

Муштариён аз ман хоҳиш мекунанд, ки бештар наворҳои видеоиро ба забони тоҷикӣ гузорам — ҳамин тавр канали «Ман — тоҷикам» пайдо шуд. Бо сабаби нақзи ҳуқуқи муаллифӣ, канали аввалро бастанд, барои ҳамин ман танҳо дар канали «Ман — тоҷикам» наворбардорӣ мекунам — ва он аллакай тақрибан 50 ҳазор муштарӣ дорад. Чаро ин қадар бисёр? Ман бо ҳама муошират мекунам ва зуд-зуд сафар мекунам. Бисёр одамоне, ки ман онҳоро ба навор мегирам, мепурсанд, ки видеоро дар куҷо тамошо кардан мумкин аст. Баъдан канали маро меёбанд ва обуна мешаванд.

Видеоҳои ман ғояи ягона надоранд: ман ҳама чизро сабт мекунам. Бо забонҳои гуногун дар бораи ҷойҳои зебо ва дидании шаҳр суҳбат мекунам, марказҳои савдоро нишон медиҳам, кӯшиш мекунам, ки ҳамватанонам бо Россия ва фарҳанги маҳаллӣ хубтар шинос шаванд. Баъзан ман видеоҳоро аз идҳои миллӣ нашр мекунам. Ман зуд-зуд бо камераи худ дар ҳудуди «Таганский ряд» сайр мекунам, зеро дар рӯ ба рӯи он кор мекунам. Рӯзе рейди ОМОН -ро дар бозор ба навор гирифтам ва ин навор бисёр маъруфият пайдо кард. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки «Таганский ряд» — ин маркази муҳоҷирон аст ва дар ин ҷо танҳо тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Ман бошам нишон медиҳам, ки бозор — ҳудуди мо нест ва дар ин ҷо русҳо хеле зиёданд.

Кӯшиш мекунам, ки дар бораи мушкилоти муҳоҷирон нақл кунам, он чизеро ки дар маркази муҳоҷирати шаҳр мегузарад, ба навор мегирам. Бисёре аз тоҷикон намедонанд, ки барои дарёфти кумак ба куҷо муроҷиат кунанд, баъзан онҳоро фиреб медиҳанд. Масалан, муҳоҷирон аксар вақт намефаҳманд, ки барои муолиҷаи дарди дандон ё таваллуди зани ҳомилаашон ба куҷо бираванд. Ба шарофати канал мо барои ёфтани ҷои кор ба тоҷикон кумак мерасонем. Рӯзе тоҷике, ки гӯё хоҳараш вафот кардааст, ба ман муроҷиат кард. Вай ба ин бовар буд, ки вай гум шудааст ва дархости кумак кард. Мо дар ин хусус видеоеро гузоштем ва шахсе бо мо иртибот гирифта, гуфт, ки духтари мазкур бо сабаби сабти ном надоштанаш дар вилояти Челябинск боздошт шудааст.

Сипас мо тасмим гирифтем, ки шакли тоҷикии барномаи «Жди меня» («Маро интизор бош») -ро ба навор гирем. Ба мо духтаре аз Ӯзбекистон, ки дар Истанбул зиндагӣ мекунад, муроҷиат кард. Вай падару модарашро ҷустуҷӯ мекард. Маълум шуд, ки падари ӯ бо нуҳ фарзандаш дар Бағдод зиндагӣ мекунад ва мо муваффақ шудем, ки фарзандони ӯро пайдо кунем. Ва чанде пеш дар канали мо барномаи шабеҳи «Давай поженимся» («Биё, издивоҷ кунем») интишор ёфт. Ин барнома мавриди таваҷҷуҳи бисёр тоҷикони муҷаррад қарор гирифт: дар як шабонарӯз 22 домод пайдо шуд.

Пас аз бозгашт ба ватан бисёре аз тоҷикон Екатеринбургро пазмон шудаанд. Онҳо зуд-зуд хоҳиш мекунанд, ки дар бораи шаҳр, кӯчаҳо ва хонаҳои дӯстдоштаашон видеоҳо ба навор гирифта шаванд. Дар бораи «Таганский ряд», анбори сабзавот, Академический, «Высотский» бисёр дархост мефиристанд. Ман ҳамеша дархостҳои ҳамватанонамро иҷро мекунам. Канали маро асосан муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тамошо мекунанд. Аммо тамошобинон аз Москва ва Санкт-Петербург низ ҳастанд. Ман ҷавобҳои гуногун мегирам, аз ҷумла ҷавобҳои манфӣ ҳам. Аз ман борҳо хоҳиш карданд, ки дигар чизе нагузорам, чунки ҳунари наворбардорӣ надорам.

Ман аз ҳисоби блог пул кор намекунам, зеро аз тиҷорат даромади кофӣ дорам. Дар канали ман рекламаи ройгон мавҷуд аст. Ман дар бораи тиҷорати шиносҳоям нақл мекунам, агар фикр кунам, ки ин маълумот барои муштариён муфид хоҳад буд. Борҳо кӯшиш карданд реклама бихаранд, аммо ман ҳеҷ гоҳ барои он пул нагирифтаам. Ман худро блогери касбӣ намешуморам, чунки ба ин кор дар вақтҳои холигиам машғул мешавам — қариб тамоми рӯз дар толор кор мекунам.

Имрӯз  блогҳо дар Тоҷикистон хеле маъмуланд. Дар оилаам ман, бародарам ва ҷиянам канали YouTube дорем. Вақте ки интернет дар ватан номаҳдуд шуд, ман чунин ҳис мекунам, ки қариб ҳамаи тоҷикон блогер шудаанд. Ҳамватанон зуд-зуд ба толори ман меоянд ва барои танзими канал кумак мепурсанд.

Дар оғози карантин дар Тоҷикистон ба воҳима афтоданд, ки маҳсулоти ғизоӣ ба зудӣ тамом мешавад. Мардум ба дӯконҳо давида, орд мехариданд. Сипас, баъд аз як ҳафта, дигар мушкилоти маҳсулот вуҷуд надошт. Дар давраи пандемия, бисёре аз тоҷикон дар Россия монданд ва ба волидони худ пул мефиристоданд. Иқтисодиёт тоб овард, гарчанде ки баъзе молҳо муваққатан қимат шуданд. Ман тахмин мекардам, ки бар асари пандемия вазъ дар Тоҷикистон хеле бадтар хоҳад буд.

Тамоми давраи худмаҳдудкуниро дар Екатеринбург гузарондам. Дар кор ихтисори кормандон зиёд буд, маҷбур шудем, ки чанд нуқтаи савдоро бандем. Баъзе муҳоҷирон умуман ба кор набаромада, ба хонаҳояшон бозгаштанд. Одамоне, ки кӯшиш мекарданд ва кор мекарданд, аз гуруснагӣ намурданд. Ҳоло дар «Таганский ряд» қариб 1000 тоҷик кор мекунад. Муҳоҷироне, ки Екатеринбургро дар давраи худмаҳдудкунӣ тарк карда буданд, тадриҷан бармегарданд.

Ватан ҳамеша тоҷиконро ба оғӯши худ  даъват мекунад. То даме, ки модарамон зинда аст, ман ва бародаронам гоҳ-гоҳ ба Душанбе бозмегардем. Аммо дар оянда шояд ман дар Россия зиндагӣ хоҳам кард: дар ин ҷо ман тиҷорати хуб, хешовандон ва дӯстони нав дорам. Ман дар Екатеринбург худро хуб эҳсос мекунам, аммо ба ҳар ҳол Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

                                                             Михаил ВЕРБИЦКИЙ,
«66.RU»

АКС аз Григорий Постников

Апрель 27, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид