МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба маъюбону ниёзмандони ноҳияи Шаҳринав кумаки моддӣ расонида шуд

Апрель 27, 2021 09:29

ШАҲРИНАВ, 27.04.201 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Зафарҷон Музаффаров дар ин давраи хайру эҳсон-моҳи мубораки Рамазон ҷиҳати дастгирии ниёзмандону маъюбон ба 200 оилаи маъюбу ниёзманд ва 50 нафар кормандони муассисаи манзили коммуналии ноҳия, ки пайваста барои тозаю обод нигоҳ доштани ноҳия заҳмат мекашанд, кумаки моддӣ, аз қабили 50- килограммӣ орд ва  панҷлитрӣ равған расонида шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хайру саховат ба ниёзмандону маъюбон ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа аз сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Дар доираи амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бобати хидмат ба ниёзмандон, эҳтиёҷмандон ва маъюбон  пайваста талош меварзад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз анҷом додани  корҳои хайру савоб сухан гуфта, таъкид намуданд, ки  “лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки  риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст”.

Апрель 27, 2021 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд