«ҶОЙ ДАР МАҒЗИ ҶИГАР КУН ДӮСТРО…». Дар мисоли дӯстии Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дӯстии тоҷикону ӯзбеконро метавон ҷовидонӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар сарзамини тоҷикон 110-солагии зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад. Ин шоири тавонои тоҷик бо шоири маҳбуби ӯзбек Ғафур Ғулом дӯстии ногусатанӣ дошт. Ҳоло ин ду шоири забардаст-сутунҳои назми Шарқ — Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода дар байнамон нестанд. Вале асарҳои ҷовидонаи ҳам Ғафур Ғулом ва ҳам Мирзо Турсунзода аз қитъаҳо гузашта, садо дода истодаанд. Дар боғи Айнӣ чаноре, ки Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода якҷоя шинонда буданд, ҳамчун тимсоли дӯстии ду халқ сабзида истодааст. Онҳо ниҳоли ин чанорро баҳори соли 1960 шинонида буданд. Дар мисоли ана ҳамин чанор дӯстии тоҷику ӯзбекро низ ба маънои рамзӣ ҷовидонӣ гуфтан мумкин аст.
Чунин нигоштааст дар мақолаи хеш узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон ЭРМАТОВ оид ба дӯстии ин ду шоири тавоно.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
Шоири маъруфи ӯзбек Эркин Воҳидов дар як мақолааш зери унвони «Сухан дар бораи Мирзо Турсунзода» дӯстии Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғуломро ин тавр ба қалам додааст: «Соли 1966, дар рӯзҳои Анҷумани нависандагони Тоҷикистон мо бо устоди бузургамон Ғафур Ғулом дар Душанбе будем. Ҳамон вақт ман ду шоири бузурги Шарқро паҳлӯ ба паҳлӯ дидам, ба якдигар нигоҳи пурмеҳр карданашонро гувоҳ шудам, ба суҳбатҳои ширине, ки як олам маъно дошт, гӯш кардам. Ин ду устод шоирони бо якдигар монанд набошанд ҳам, рӯҳан ба якдигар наздик буданд, ки ин наздикӣ агар сухан дар бораи Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём барин бузургон равад, равшантар намоён мешуд».
Дар ҳақиқат, устоди бузург Мирзо Турсунзода камарбастаи доимии дӯстии ду халқ, пайвандгари робитаҳои адабӣ ва ҳамкорӣ буданд. Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ин фазилатҳои устод Мирзо Турсунзодаро бо эҳтиром ба ёд оварда менависад: «Барои ба насиҳату васиятҳои устод Турсунзода содиқ монданам сарам дар осмону даст пеши бар истодаам. Дарвоқеъ, устод Турсунзода забони ӯзбекиро низ хуб медонист. Дар ёд дорам: Дар Москва, дар толори Колонна 70-солагии шабнишини хотиравии Ғафур Ғулом бошукӯҳ гузашта, ба меҳмонхона баргаштем, ки шоири дӯстдоштаи ман устод Мирзо Турсунзода сӯям нигоҳ карда, гуфта буд: «Додарам Абдулло, Ғафур Ғулом, ки кӯпруки калони халқҳои тоҷику ӯзбек буданд, аз дунё гузаштанд. Ба назарам, мо низ пир шудем. Акнун, шумо, адибони ҷавон, бо якдигар бисёртар мулоқот намоед, рафту омад кунед, меҳр дар чашм аст». Ин суханҳои падаронаи ӯ то ҳозир дар гӯшам ҷарангос зада меистанд… Суханҳои насиҳатомези устод мо, адибони ҷавони ӯзбеку тоҷикро ба давом додани анъанаҳои дӯстӣ, бародарӣ, робитаҳои адабӣ ҳамеша даъват карда меистанд…».
Дар байни назми Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом монандӣ ва муштаракӣ дар интихоби мавзӯъ, муайян кардани қаҳрамонҳои асосӣ, онҳоро дар лавҳаҳои ҳаётӣ ҳаққонӣ тасвир кардан низ мушоҳида карда мешавад. Ин фикри моро достони «Кӯкан»-и Ғафур Ғулом ва достони «Ҳасани аробакаш»-и Турсунзода, қиссаи «Нетай»-и Ғафур Ғулом ва достони «Хазон ва баҳор»-и Мирзо Турсунзода, шеърҳои силсилаи «Аз Шарқ меоям»-и Ғафур Ғулом ва силсилашеърҳои «Аз Ганг то Кремл»-и Мирзо Турсунзода низ тасдиқ мекунанд.
Мирзо Турсунзода ба эҷодиёти Ғафур Ғулом ва шахсияти ӯ бо ҳурмату эҳтироми калон нигоҳ мекард. Ғафур Ғулом низ истеъдоди худододи Мирзо Турсунзодаро беҳад қадр мекард, ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд дода, гуфта буд: «Ӯро бо ғурур шоири замон, шахси сиёсатмадор ва ҳозирҷавоб мешуморам. Турсунзода доимо дар бораи халқ, тақдири заҳматкашони ҷаҳон фикр мекард. Дар асарҳои ӯ дили ду Шарқ—Шарқи советӣ ва Шарқи хориҷӣ, имрӯзу фардои он баръало акси худро ёфтааст. Аз «Қиссаи Ҳиндустон», «Садои Осиё» ном силсилаи шеъру достонҳо, ки хазинаи адабиёти ҷаҳонро ғанӣ гардонидаанд, садои қудрату тавоноии Осиёи бедоргашта шунида мешавад. Асарҳои ӯ неруи ҷамъбастӣ доранд. Ҳамон шеърҳо, ба монанди «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Сайёҳи ҳинд», ки ба силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ворид шудаанд, аз ҳаёти конкретии халқи Ҳиндустон гирифта шуда бошанд ҳам, дар онҳо рӯҳ, орзую умедҳои ҳамаи халқҳои Шарқи хориҷӣ ифодаи худро ёфтаанд»,- навишта буд Ғафур Ғулом дар «Шоири бузурги Шарқ» ном мақолаи худ.
Шояд барои тасдиқи ҳамин фикр бошад, ки як силсила шеърҳои Мирзо Турсунзодаро, ки дар «Қиссаи Ҳиндустон» ҷой гирифтаанд, Ғафур Ғулом бо маҳорати калон ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Ба шарофати санъати тарҷумонии Ғафур Ғулом «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Тоҷмаҳал», «Рӯди Ганг», «Дар ёди кас», «Тара Чандри» ва дигар шеърҳои Мирзо Турсунзода ба забони ӯзбекӣ мисли аслаш равон, сода ва бо бадеияти баланд садо медиҳанд. Китобхонҳои ӯзбек, ки аз нусхаи аслаш бехабаранд, гумон мекунанд, ки ин шеърҳоро шоири ӯзбек навиштааст. Инро самараи ҳамкории эҷодии шоири боистеъдод ва тарҷумони моҳир арзёбӣ кардан мумкин аст.
Мирзо Турсунзода низ дар «Сарояндаи Шарқи озод» ном мақолааш дар бораи эҷодиёти Ғафур Ғулом, ки ба ӯ чӣ тавр таъсир расондааст, чунин сатрҳо менависад: «Иншооти бузурги Осиёи Миёна- Турксибро бо чашмам надида бошам ҳам, аз шеъри Ғафур Ғулом моҳияти ин сохтмонро фаҳмида, як олам завқ бурдам…».
-Вақте ки дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар диёри ӯзбекон дар хатсайрҳои дӯстӣ мегаштем, ҳис мекардем, ки чун сафари пешина дӯсти азизам Ғафур Ғулом ҳамроҳи мо гаштааст. Ман гӯё овози ӯро мешунидам. Диёри ӯзбекон, ки дӯстам Ғафур Ғулом бо меҳру муҳаббати калон васф кардааст, дар ман чунин ҳиссиётро пайдо намуд. Ӯ ана ҳамин диёрро аз дилу ҷон дӯст медошт, мо низ ба ҳамин диёр меҳр бастем,- менависад Мирзо Турсунзода.
Адиби шинохтаи ҷаҳон Чингиз Айтматов дар бораи дӯстии Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом чунин менависад: «Мирзо Турсунзода дар соҳаи адабиёт дониши васеъ доштанашро истифода бурда, шеър ва ғазалҳои классикии моро аз ёд мегуфт. Ӯ диққати ҷамъомадагонро ба худ ҷалб намуда, онҳоро дар ҳайрат мегузошт. Дар ин шабнишинӣ Мирзо Турсунзода дар бораи донистани назми форсу тоҷик гӯё бо Ғафур Ғулом баҳс мекард. Онҳо ҳар як лаҳзаи муносиб омада, баъди ҳар як сухан аз адабиёти классикӣ мисолҳо меоварданд, ҳикояҳои тамсилӣ мегуфтанд».
-Мирзо Турсунзода ба хонаи мо ташриф оранд, хона чароғон мешуд,—нақл мекунад духтари Ғафур Ғулом Олмос Аҳмедова.—Суҳбатҳои ширину гуворои ин ду шоири бузургро шунидан завқи дигар дошт. Ғазалҳои Бедилро якҷоя муҳокима мекарданд, бо мароқ мехонданд. Чунин вохӯриҳо ба онҳо ғизои маънавӣ медод. Падарам ба эҷодиёти шоирони классики тоҷик, алалхусус, ба Бедил шавқи баланд дошт. «Ман шоири Шарқ ҳастам,—мегуфт ӯ,—барои ҳамин ҳамаи классикони Шарқ хешу ақрабоҳои ман гӯям ҳайрон нашав, духтарам. Турсунзода низ аллакай ба классик табдил ёфтааст».
Падарам ҳамеша номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Шамсиддин Муҳаммади Ҳофиз, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомиро ба забон мегирифт ва мегуфт: «Забони тоҷикӣ дар хунам бо шири модар ҷой гирифтааст, ба ҷисму ҷонам сайқал медиҳад. Зеро, модарам дар гаҳвора маро бо асарҳои Ҳофизу Ҷомӣ алла мегуфтааст…».
Мақола бо сухани Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов оғоз ёфта буд. Навиштаҳоямро бо гуфтаҳои ӯ хотима доданиям: «Ҳозиракак мо дар хоки Ӯзбекистон нависандаю санъаткоронеро, ки барои гузарондани Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик омада буданд, пешвоз гирифтем. Дар назари мо дар қатори онҳо бо табассуми маҳини худ Мирзо Турсунзода аз зинаи тайёра фаромада истодагӣ ва аз минбари митинг байтҳои дӯстдоштаи худро хонда истодагӣ барин тофт:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун…
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро…
Оре, Мирзо Турсунзода дар хонадони ӯзбек ҳамеша шоири маҳбуб шуда мемонад. Мо шеърҳои ӯро ҳам дар нусхаи асл ва ҳам дар забони ӯзбекӣ бо завқ мехонем. Ӯ на танҳо дар ҷевонҳои китоб, балки дар қалби мо барҳаёт аст».