Имсол аз вилояти Хатлон содироти 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст

Апрель 21, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дурнамо  дар  мавсими имсола аз  вилояти Хатлон бояд 100 ҳазор тонна маҳсулоти  гуногуни кишоварзӣ  ба як зумра  давлатҳои ҳамсоя содирот шавад.

Дар ин хусус зимни  мулоқоти ҳайати кории Агентии содироти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Маркази идоракунии сифат ва дигар ниҳодҳои дахлдор бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои марбутаи вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи кишоварзӣ, соҳибкорон, бахусус хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки 20 апрел дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи содироти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Умед Зоҳирзода зикр кард, ки чорабинии мазкур саривақтӣ ва муфид буда,  ба  вусъат бахшидани раванди содироти маҳсулоти кишоварзон мусоидат менамояд.

-Баҳри дастгирии соҳа  ҳукумати мамлакат барои содироткунандагон як қатор имтиёзҳо  муқаррар намудааст. Дар баробари тахфифу сабукӣ овардан ба раванди содирот, таъсис ёфтани равзанаи ягона аз афзалтарин усули муваффақияти содироткунандагон маҳсуб меёбад, ки хоҷагидоронро лозим аст аз чунин имконияту дастгириҳо истифода баранд,-таъкид намуд номбурда.

Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Раҳимзода  оид ба фаъолияти  Агентӣ дар мавриди  ташаккули низоми миллии содирот, рушди босуботи содироти маҳсулоти кишварзон, таъсиси комиссияи доимамалкунанда, содагардонии расмияти савдо, хосса дар мавриди роҳандозӣ намудани равзанаи ягона, ки дар он дар   кутоҳтарин муддат намояндагони 16 ташкилоту муассисаҳои дахлдор посух  дода  метавонанд, ибрози назар намуд.

Номбурда  ёдрас шуд, ки дар партави низоми муайяни содироткунандагон ба давлатҳои иттиҳоди Аврупо имкон фароҳам оварда шуд, ки тариқи бақайдгирии электронӣ танҳо бо як рақами муайян молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ дар давлатҳои Аврупо муаррифӣ  шаванд,  ки ин услуби кор хело ҳам самаровар хоҳад буд.

Баҳодур Раҳимзода иброз дошт, ки новобаста аз хуруҷи бемории “Ковид-19” соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист содироти молу маҳсулотро нисбат ба  соли 2019  20 фоиз зиёд гардонад, ки субъектҳои дахлдору бахшҳои хусусӣ дар ин самт хеле фаъол буданд.

-Дар қаламрави  мамлакат  109 имтиёз барои содироту воридоткунандагон пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар  се моҳи аввали соли равон содироти маҳсулоти ватанӣ нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 90 фоиз  зиёд гардидааст, — афзуд Раҳимзода Баҳодур.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 давлати дунё муносибатҳои тиҷоратӣ дошта, айни ҳол ба 37 давлат молу маҳсулот ирсол мегардад. Бо назардошти ҳалли масъалаҳои мазкур татбиқу амалигардии лоиҳаҳои махсус ба инобат гирифта шуда, шарикони рушд низ таъсиргузоранд. Илова бар ин, як қатор тадбирҳои судманд, бахусус, пешниҳоди лоиҳаи ҷадид бо баррасии се самти масъалаи содироту воридот ба нақша гирифта шудааст, ки амалигардии он барои шаҳрвандони кишвар такягоҳи боэътимод хоҳад буд.

Дар ҷараёни чорабинӣ  намояндагон  тариқи фаҳмондадиҳӣ оид ба сатҳу сифати маҳсулот ва бехатарии он иттилоъ дода, коршиносони соҳа  ба иштирокдорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Гуфта шуд, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ содироти молу маҳсулот дигаргун гашта, талаботи хоси худро дорад. Маҳз хоҷагидорони вилояти Хатлон метавонанд маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хушсифатро бо шаклу намудҳои муносиб барои содирот омода намоянд. Имрӯзҳо, ки оғози марҳилаи содироти маҳсулоти кишоварзист, дар мавриди тарзи дурусти нигоҳдориву борпеч намудану аз ҳар гуна вайроншавӣ нигоҳ доштани маҳсулот, бахусус пиёз, лиму, ангур, харбуза, олу, хурмо, гелос, зардолу, чормағз ва як зумра меваҳои хушк маълумот дода шуд.

Роҳбари Маркази идоракунии сифат Мирзоравшан Қобилов иттилоъ дод, ки бо сабаби беэътибории сифат ва бехатарии маҳсулот талафот зиёд гардида, харидорон низ нисбатан кам мегарданд.

-Мо бояд ба масъалаи талаботи стандартҳои тиҷоратӣ, бахусус, ба андоза, нуқсон, ранг, шаклу намуди зоҳирии маҳсулот диққат диҳем. Кӯшиш намоем, ки  маҳсулоти мо аз ҷиҳати кимиёвию ҷисмонӣ ва биологиву аллергенҳо бехатар бошад. Дар чунин ҳолат мо метавонем ба натиҷаҳои назарраси содиротӣ ноил гардем,-таъкид намуд Мирзоравшан Қобилов.

Сипас дар ҷамъомад бо назардошти муваффақ шудани содироткунандагони мамлакат  оид ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва омода намудани маҳсулоти рақобатпазир ба иштирокчиён дастурамалҳо тақдим гардид. Намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, хоса хоҷагидорон оид ба норасоиву мушкилоти фаъолияташон аз ҳайати корӣ пурсон шуда, бо мақсади дастовардҳои навбатии меҳнатиашон посухи мушаххас гирифтанд.

Иштирокдорони мулоқот  ба хулоса омаданд, ки минбаъд чунин чорабиниҳо бештар гузаронида шаванд, чунки он ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд