Раиси вилояти Хатлон ва Сафири Франсия дар Тоҷикистон роҳандозии ҳамкории доираҳои тиҷоратиро баррасӣ намуданд

Апрель 16, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти рушди ҳамкорӣ дар бахши омодасозии омӯзгорони баландихтисоси забони франсавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ифтитоҳи маркази фарҳангии забономӯзӣ, бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва содироти он ба Франсия, ташкили намоишгоҳҳои рассомӣ, фестивалҳо, сафарҳои ҳунарӣ, чорабиниҳои сайёҳӣ, варзишӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, роҳандозии ҳамкории доираҳои тиҷоратии минтақаҳои ду кишвар ва дигар самтҳо табодули назар карданд.

Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масъалаи рушди соҳаи иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузории ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вилояти Хатлон бо 34 кишвари наздику дур ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷии вилоят соли 2020 беш аз 308 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Соли равон дар ҳудуди вилоят 35 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 478 миллион доллар амалӣ мегарданд».

Ҳамчунин ҷонибҳо ба масъалаи рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба беш аз 620 адад расида, танҳо соли гузашта дар вилоят ба маблағи умумии 8,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 98 корхонаи хурду миёна бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин 90 дарсади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба вилояти Хатлон рост меояд.

Дар мулоқот зикр шуд, ки вилояти Хатлон калонтарин минтақаи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди мамлакат ба ин соҳа вобастагӣ дорад.

Бинобар ин, дар вилоят ба масъалаи ислоҳоти хоҷагии деҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои бузург аҳамият дода мешавад. Имрӯз саҳмдорони беш аз 68 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии амалкунанда озодона ба интихоби кишти маҳсулот, парвариш, коркард ва фурӯши он машғуланд.

Бунёди минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи Данғара, «Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳун ва «Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоб барои ташкили корхонаҳои муштарак ва ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам овардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва Сафири Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран изҳори итминон намуданд, ки барои вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат,  кишоварзӣ, сайёҳӣ миёни минтақаҳои ду кишвар шароит фароҳам мебошад.

Дар вилояти Хатлон 19 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд, ки омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Франсия буда, метавонанд гардишгарони Франсияро ба саёҳати навъҳои кӯҳнавардӣ, экологӣ, шикорӣ, табобатӣ, солимгардонӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ҷалб намоянд.

Сафири Франсия Мишел Тарран аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки якчанд маротиба аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон дидан кардаву таассуроти нек бардоштааст.

Аксҳо аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Апрель 16, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид