Сафири Тоҷикистон дар ИМА дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи ёдгории «Рӯҳи Элба» дар Вашингтон ширкат варзид

Апрель 26, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Сафорати Тоҷикистон дар ИМА таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 25 апрел дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи ёдгории «Рӯҳи Элба» дар қабристони Арлингтони наздикии Вашингтон ширкат варзид.

Дар маросими хотираи мулоқоти сарбозони шӯравӣ ва амрикоӣ дар Элба дар соли 1945 иштирокчиёни амрикоии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, собиқадорони ҷанг аз ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, намояндагони Департаменти давлатии ИМА ва сафоратхонаҳои кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд. Онҳо ба поси хотираи «Рӯҳи Элба» гулчанбарҳо гузоштанд.

Аз ҷониби Россия дар ин маросим кордори муваққатии Федератсияи Россия дар Вашингтон Сергей Кошелев ширкат варзид. ИМА-ро муовини ёвари котиби давлатӣ Кристофер Робинсон намояндагӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти сарбозони шӯравӣ ва амрикоӣ дар минтақаи шаҳри Торгау дар Элба 25 апрели соли 1945 баргузор шуда буд. Мулоқоти афсонавӣ дар Элба нуқтаи баландтарин дар муносибатҳои иттифоқии кишварҳои эътилофи зиддигитлерӣ гардид. Дар натиҷаи мулоқоти неруҳои иттифоқчиён боқимондаҳои қувваҳои мусаллаҳи Германия ба ду қисм — шимол ва ҷануб тақсим карда шуданд. Ин муқовимати онҳоро ба таври назаррас заиф кард, аз тактикаи ҷангӣ маҳрум намуд, системаи ягонаи фармондеҳӣ ва идораашонро вайрон кард ва мағлубияти ниҳоии Вермахтро суръат бахшид.

Лавҳаи биринҷии ёдгорӣ, ки дар он низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико дар пули болои Элба дасти ҳам мефишоранд, моҳи апрели соли 1995 дар қабристони Арлингтон ба муносибати 50-солагии ин ҳодисаи хотирмон насб карда шуд.

АКСҲО аз манобеи боз

Апрель 26, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд