Ширкатҳои ҳавопаймоии Россия нархи чиптаро ба самти Тоҷикистон арзон намуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои ҳавопаймоии Россия, ки ҳавопаймоҳояшон миёни Россия ва Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, аз паст рафтани нархи чипта хабар додаанд.
Тибқи иттилои манбаъҳое, ки хабаргузории русии «Sputnik» мусоҳиб шудааст, арзиши чипта 50 фоиз коҳиш ёфтааст. Пастравии нархҳоро ширкати «Сибирские авиалинии» тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Ҳоло нархи чипта дар хатсайри Хуҷанд-Москва 8,4 ҳазор сомонӣ (735 доллар) мебошад. Чунин тарофа нисбат ба шаҳрҳои дигари Россия вобаста аз вақти парвоз ҳисоб карда мешавад», — хабар доданд намояндагони ширкат.
Мавриди зикр аст, ки арзиши чиптаҳо дар қиёс ба ҳафтаи гузашта хеле коҳиш ёфт. Қаблан барои парвоз аз Тоҷикистон ба Россия шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд 15-16 ҳазор сомонӣ (1,3-1,4 ҳазор доллар) пардохт мекарданд.
Қаблан директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни мулоқот бо намояндагони чор ширкати ҳавопаймоии Россия боисрор аз ширкатҳои ҳавопаймоии Россия тақозо намуда буд, ки нархи чиптаҳои парвозҳои чартериро коҳиш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи беасос боло бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо дар масири шаҳрҳои Тоҷикистон ва Россия аввали моҳи апрел дар ҷаласаҳои корӣ, ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Россия, назири «Сибир» (S7 Airlines), «Ютэйр», «Уралские авиалинии» ва «Северный ветер», доир гардида буд, ду маротиба баррасӣ шуд. Аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Россия даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳарчи зудтар коҳиш додани нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо тадбирҳои муассир андешанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






