Судяҳои шаҳри Ваҳдат Паёми Пешвои миллатро ба сокинон шарҳу тафсир медиҳанд
ВАҲДАТ, 12.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо иштироки судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат, кормандони ҷамоати деҳот ва ҷавонону бонувон барои шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ судяи Суди шаҳри Ваҳдат Зафар Қодирзода иброз дошт, ки «Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати шоистаи таърихӣ, раҳнамо ва барномаи саодати мардум ба шумор меравад. Чунки он тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои барои рушди мамлакат равонаро пурра мураттаб месозад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд».
Раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода вобаста ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, амалӣ намудани қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, ҷудошавии оилаҳои ҷавону тарбияи дурусти фарзандон сухан гуфта, иброз намуд, ки бояд ҷавонони ҷумҳурӣ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Онҳо бояд Ватанро аз сидқи дил дӯст дошта, ҳамасола ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гарданд ва хоки ин сарзамини муқаддасро аз душманону хоинон ҳифз намоянд.
Силсилавохӯриҳои судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатӣ дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр то 21 май идома меёбанд.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






