«Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо». Таҳти чунин унвон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад

Апрель 23, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 23.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5-6 сентябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо» Симпозиуми  байналмилалии илмӣ  баргузор менамояд. Дар ин бора котиби масъули баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ  Субҳиддин Зиёев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мақсади баргузории симпозиум — ин баррасии илмӣ ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, бо назардошти ҳамаи мушкилоту дастовард  ва  дурнамои рушди он мебошад.

Дар ҷаласаҳои бахшӣ (сексионӣ), ки бештар аз 10 ададро дар бар мегиранд, масъалаҳои “Нигоҳи нав ба таҳқиқи таърих ва тамаддуни халқи тоҷик”, “Ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ”, “Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ”, “Ташаккули лидери умумимиллӣ: нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ”, “Сиёсати иҷтимоии давлат: самаранокии татбиқи он дар шароити соҳибистиқлолӣ”, “Иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ: аз барқарорсозӣ ба сӯи рушди устувор” ва чандеи дигар мавриди  баррасӣ қарор дода мешаванд.

Талаботи умумӣ ба мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда барои ворид кардан ба маҷмӯаи Симпозиум чунин муқаррар карда шудааст: ҳаҷми мақола бояд то 10 саҳифаи компютернавис бошад. Иқтибосҳо дар охири матн оварда мешаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болоии тарафи рости саҳифа баъди номи мақола ҷойгир карда мешавад. Андозаи ҳошия аз чап 30 мм, рост — 10 мм, болоӣ — 20 мм, поёнӣ – 20 мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл -14. Шрифт: Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj  (бо забони тоҷикӣ). Протсессори матнӣ — Word.

Забонҳои кории симпозиум: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд. Муҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо то 30 апрели соли 2021. Суроғаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: rakesh-23@mail.ru. Рақами телефонҳо барои тамос: (+992) 92-704-09-08, (+992) 919-81-02-12

Апрель 23, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад