«Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо». Таҳти чунин унвон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5-6 сентябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор менамояд. Дар ин бора котиби масъули баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ Субҳиддин Зиёев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мақсади баргузории симпозиум — ин баррасии илмӣ ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, бо назардошти ҳамаи мушкилоту дастовард ва дурнамои рушди он мебошад.
Дар ҷаласаҳои бахшӣ (сексионӣ), ки бештар аз 10 ададро дар бар мегиранд, масъалаҳои “Нигоҳи нав ба таҳқиқи таърих ва тамаддуни халқи тоҷик”, “Ташаккул ва такмили заминаҳои ҳуқуқии таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ”, “Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ”, “Ташаккули лидери умумимиллӣ: нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ”, “Сиёсати иҷтимоии давлат: самаранокии татбиқи он дар шароити соҳибистиқлолӣ”, “Иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ: аз барқарорсозӣ ба сӯи рушди устувор” ва чандеи дигар мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Талаботи умумӣ ба мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда барои ворид кардан ба маҷмӯаи Симпозиум чунин муқаррар карда шудааст: ҳаҷми мақола бояд то 10 саҳифаи компютернавис бошад. Иқтибосҳо дар охири матн оварда мешаванд. Ному насаби муаллиф дар кунҷи болоии тарафи рости саҳифа баъди номи мақола ҷойгир карда мешавад. Андозаи ҳошия аз чап 30 мм, рост — 10 мм, болоӣ — 20 мм, поёнӣ – 20 мм. Фосилаи байни сатрҳо 1. Кегл -14. Шрифт: Times New Roman (бо забонҳои русӣ ва англисӣ), Times New Roman Tj (бо забони тоҷикӣ). Протсессори матнӣ — Word.
Забонҳои кории симпозиум: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд. Муҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо то 30 апрели соли 2021. Суроғаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: rakesh-23@mail.ru. Рақами телефонҳо барои тамос: (+992) 92-704-09-08, (+992) 919-81-02-12








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






