Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов дар 76-солагӣ аз олам даргузашт

Апрель 14, 2021 09:38

ДУШАНБЕ, 14.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи саршиноси театру кино ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Қиёмиддин Чақалов субҳи имрӯз дар синни 76 аз олам даргузашт.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар ноҳияи Файзобод доир мегардад.

Қиёмиддин Чақалов 28 апрели соли 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, узви дастаи ҳаваскорони мактаб буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододии ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият ба театр даъват намуд. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кӯтоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд ба ровигию сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.

Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна муддати ду сол дар Хонаи маданияти ноҳия фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гирифтанд. Ӯ хизматро дар ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 бо сари баланд ба ватан баргашт ва фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дод.

Соли 1971 ба факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи  давлатии санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1975 факултети мазкурро хатм кард. Аз соли 1975 инҷониб дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр фаъолият намудааст.

Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода) ва ғайраҳоро нақш офаридааст. Инчунин дар филмҳои («Ашк ва шамшер»), қассоб («Ҷазира»), муаллим (« Муҷассамаи ишқ»-и У. Мирзоширинов, соли 2003), директории совхоз («Сароби хунин»).

Қ. Чақалов бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 10 фарзанд мебошад.

Апрель 14, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид