Варзишгари маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 апрел варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад. Рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай мебошад. Дар ин бора шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Муборизаи мазкур дар ИМА баргузор мешавад. Аслан набарди Лоиқ Раҷабов бо варзишгари амрикоӣ-Ҷонни Кейс ба нақша гирифта шуда буд. Рақобат бояд 21 апрел баргузор мешуд, аммо бино ба гузориши расонаҳо, Ҷонни Кейс барои зӯроварии хонаводагӣ боздошт ва дар ҳабс дар Невада қарор дорад. Муборизаи Раҷабов аз 21 апрел ба 23 апрел мавқуф гузошта шуд ва рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай гардид.
Мартинес бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Омори Раҷабов низ бад нест: 17 муҳориба- 14 ғалаба.
Рақобат дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар ИМА баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов дар байни сокинони Тоҷикистон бо ҳунарнамоиҳои муваффақонаи худ дар лигаи PFL -и Амрико, ки дар мавсими гузашта ба финал баромада буд, машҳур аст. Дарвоқеъ, ғолиби ин мусобиқа 1 млн. доллар ба даст овард. Пеш аз ин Лоиқ дар мусобиқаҳои гуногуни муҳорибаҳои омехта дар Германия, ки 4 соли охир дар он ҷо сукунат дошт, баромад мекард.
Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи N77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.
Лоиқ Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчида, дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.
То имрӯз Раҷабов дар 17 муҳориба ширкат карда, 14 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт дорад.
Акс аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






