«ВАТАНПАРВАР».Таҳти ин унвон дар Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар дастаҳои гуногун иштирок намуданд. Дар натиҷаи сабқати байни дастаҳо «Содиқони Ватан»-и ноҳияи Сино сазовори ҷои аввал, «Далерони Ватан»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷои дуюм ва дастаҳои «Сипар»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шуҷои Ватан»-и ноҳияи Фирдавсӣ ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз шартҳои машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (вазнбардорӣ, бандкашӣ ва турниккашӣ), омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ ва пешниҳод намудани варақаи ҳарбӣ- ватанпарварӣ ва шарҳи он доир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи харбӣ – варзишии «Ватанпарвар» байни хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳадафи он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи марзу бум, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омода намудани хонандагон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.














35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






