Вазири кишоварзии ҶБ Иван Крупко: «Беларус ва Тоҷикистон лоиҳаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ бояд фаъолонатар татбиқ кунанд»
ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беларус ва Тоҷикистон бояд лоиҳаҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамгироии саноатӣ фаъолонатар татбиқ кунанд. Бино ба гузориши агентии хабаргузории давлатии Беларус БелТА, дар ин хусус вазири кишоварзӣ ва ғизои Беларус Иван Крупко дирӯз дар нишасти 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар Душанбе ибрози назар кардааст.
«Дар айни замон, вазифаи мо — нигоҳ доштани ҳаракати мусбати тиҷорати мутақобила, афзоиш додани саҳми маҳсулоти илмталаб ва аз ҷиҳати технологӣ сатҳи баланд дар савдо, инчунин фаъолонатар татбиқ намудани лоиҳаҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ ва кооператсияи саноатӣ иборат мебошад», — гуфт Иван Крупко.
Дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратӣ — иқтисодӣ муҳокима карда шуданд. Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ ва танзими робитаҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ баррасӣ шуданд. Бори аввал масъалаҳои ҳамкории иттилоотӣ ба протоколи комиссия дохил карда шуданд.
Сарфи назар аз зуҳуроти буҳрон дар ҷаҳон, ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Беларус ва Тоҷикистон хусусияти мусбат ва фаъол нишон медиҳад. Аз соли 2016 ҳаҷми мутақобилаи муомилоти молӣ 5,5 маротиба афзуд ва соли 2020 111,7 миллион долларро ташкил дод. Беларус ва Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкории муассир имкон доранд ва дар ин самт кори муштаракро идома бояд дод.
Дар давраи сипаришуда бо талошҳои муштарак якчанд лоиҳаҳои назаррас татбиқ карда шуданд. Аз ҷумла, соли 2019 дар Беларус заминаи бунёди боғҳои Дӯстӣ бо ниҳолҳои Тоҷикистон гузошта шуд. Соли гузашта корҳои таҷрибавӣ оид ба парвариши дарахтҳои мевадиҳандаи Тоҷикистон (ангур, чормағз) дар кишвар идома ёфт.
Татбиқи қарордоди калон барои интиқоли 100 троллейбуси худрав ба Душанбе дар арафаи анҷомёбист. Соли 2020 нахустин гурӯҳи тракторҳои МТЗ аз корхонаи васлкунӣ дар Ҳисор ба Афғонистон фиристода шуданд. Лоиҳаи муштараки Беларус ва Тоҷикистон дар Ҳисор намунаи ҳамкории муваффақ дар соҳаи корҳои саноатӣ мебошад. Дар корхонаи васлкунӣ на танҳо истеҳсоли таҷҳизоти муосир барои комплекси агросаноатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, балки бо дарназардошти рушди минбаъдаи лоиҳа инчунин таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кори ихтисосӣ пешбинӣ шудааст.
Яке аз масъалаҳои мубрам барои Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи тайёрии кадрҳо мебошад. Дар вохӯрӣ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни мактабҳои олӣ, ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Беларус барои таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мувофиқа ҳосил шуд.
Ғайр аз ин, имконоти ҷиддӣ дар ҳамкории фаъолтар дар самти палатаҳои савдо ва саноат дида мешавад. Масалан, дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ 6-7 апрели соли 2021 дар Душанбе намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Беларус “Made in Belarus”, Форуми тиҷоратии “Беларус-Тоҷикистон- Афғонистон”, Форуми кишоварзии “TajikBelAgro”, инчунин гуфтушунидҳои тиҷоратӣ байни намояндагони соҳибкорон баргузор мешаванд. Таркиби сершумори ҳайати соҳибкорони Беларус ва мавқеи фаъоли палатаҳои савдо ва саноати Беларус ва Тоҷикистон аз имконоти баланди ҳамкории тиҷоратӣ шаҳодат медиҳанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки намоишгоҳи Беларус муваффақияти густурда хоҳад дошт ва музокироти тиҷоратӣ ба маросими бастани созишномаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии мушаххас табдил хоҳанд ёфт.
«Мо инчунин аз ҳамкорӣ байни минтақаҳои кишварҳоямон, аз ҷумла дар заминаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фоидаи назаррасро интизор дорем. Ба таркиби ҳайати Беларус роҳбарияти вилояти Гомел ва намояндагони доираҳои соҳибкории минтақа шомил мебошанд. Дар барномаи боздиди ҳайат сафар ба вилояти Хатлон — минтақаи аграрӣ ва саноатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Мо интизори музокироти созанда дар ин самт бо шарикони тоҷикамон мебошем», — иброз дошт Иван Крупко.
Аксҳо аз CTV.BY, АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






