Вазири кишоварзии ҶБ Иван Крупко: «Беларус ва Тоҷикистон лоиҳаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ бояд фаъолонатар татбиқ кунанд»

Апрель 6, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беларус ва Тоҷикистон бояд лоиҳаҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамгироии  саноатӣ фаъолонатар татбиқ кунанд. Бино ба гузориши агентии хабаргузории давлатии Беларус БелТА, дар ин хусус вазири кишоварзӣ ва ғизои Беларус Иван Крупко дирӯз дар нишасти 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар Душанбе ибрози назар кардааст.

«Дар айни замон, вазифаи мо — нигоҳ доштани ҳаракати мусбати тиҷорати мутақобила, афзоиш додани саҳми маҳсулоти илмталаб ва аз ҷиҳати технологӣ сатҳи баланд дар савдо, инчунин фаъолонатар татбиқ намудани лоиҳаҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ ва кооператсияи саноатӣ иборат мебошад», — гуфт Иван Крупко.

Дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратӣ — иқтисодӣ муҳокима карда шуданд. Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ ва танзими робитаҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ баррасӣ шуданд. Бори аввал масъалаҳои ҳамкории иттилоотӣ ба протоколи комиссия дохил карда шуданд.

Сарфи назар аз зуҳуроти буҳрон дар ҷаҳон, ҳамкории тиҷоратӣ ва  иқтисодии Беларус ва Тоҷикистон хусусияти мусбат ва фаъол нишон медиҳад. Аз соли 2016 ҳаҷми мутақобилаи муомилоти молӣ 5,5 маротиба афзуд ва соли 2020 111,7 миллион долларро ташкил дод. Беларус ва Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкории муассир имкон доранд ва дар ин самт кори муштаракро идома бояд дод.

Дар давраи сипаришуда бо талошҳои муштарак якчанд лоиҳаҳои назаррас татбиқ карда шуданд. Аз ҷумла, соли 2019 дар Беларус заминаи бунёди боғҳои Дӯстӣ бо ниҳолҳои Тоҷикистон гузошта шуд. Соли гузашта корҳои таҷрибавӣ оид ба парвариши дарахтҳои мевадиҳандаи Тоҷикистон (ангур, чормағз) дар кишвар идома ёфт.

Татбиқи қарордоди калон барои интиқоли 100 троллейбуси худрав ба Душанбе дар арафаи анҷомёбист. Соли 2020 нахустин гурӯҳи тракторҳои МТЗ аз корхонаи васлкунӣ дар Ҳисор ба Афғонистон фиристода шуданд. Лоиҳаи муштараки Беларус ва Тоҷикистон дар Ҳисор намунаи ҳамкории муваффақ дар соҳаи корҳои саноатӣ мебошад. Дар корхонаи васлкунӣ на танҳо истеҳсоли таҷҳизоти муосир барои комплекси агросаноатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, балки бо дарназардошти рушди минбаъдаи лоиҳа инчунин таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кори ихтисосӣ пешбинӣ шудааст.

Яке аз масъалаҳои мубрам барои Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи тайёрии кадрҳо мебошад. Дар вохӯрӣ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни мактабҳои олӣ, ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Беларус барои таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мувофиқа ҳосил шуд.

Ғайр аз ин, имконоти ҷиддӣ дар ҳамкории фаъолтар дар самти палатаҳои савдо ва саноат дида мешавад. Масалан, дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ 6-7 апрели соли 2021 дар Душанбе намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Беларус “Made in Belarus”, Форуми тиҷоратии “Беларус-Тоҷикистон- Афғонистон”, Форуми кишоварзии “TajikBelAgro”, инчунин гуфтушунидҳои тиҷоратӣ байни намояндагони соҳибкорон баргузор мешаванд. Таркиби сершумори ҳайати соҳибкорони Беларус ва мавқеи фаъоли палатаҳои савдо ва саноати Беларус ва Тоҷикистон аз имконоти баланди ҳамкории тиҷоратӣ шаҳодат медиҳанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки намоишгоҳи Беларус муваффақияти густурда хоҳад дошт ва  музокироти тиҷоратӣ ба маросими бастани созишномаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии мушаххас табдил хоҳанд ёфт.

«Мо инчунин аз ҳамкорӣ байни минтақаҳои кишварҳоямон, аз ҷумла дар заминаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фоидаи назаррасро интизор дорем. Ба таркиби ҳайати Беларус роҳбарияти вилояти Гомел ва намояндагони доираҳои соҳибкории минтақа шомил мебошанд. Дар барномаи боздиди ҳайат сафар ба вилояти Хатлон — минтақаи аграрӣ ва саноатии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Мо интизори  музокироти созанда дар ин самт бо шарикони тоҷикамон мебошем», — иброз дошт Иван Крупко.

                                              Аксҳо аз  CTV.BY, АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСЛОҲОТ ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Роҳбарони корхонаҳои саноати нассоҷию мудофиа ва мошинсозии Туркия ба Тоҷикистон даъват шуданд
Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон масъалаи омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистон баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс» (CASP+) оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 20-уми Конфронси кулли UNIDO дар Вена иштирок дорад
ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун мақсад гузоштаанд истеҳсоли лимӯро ба 7000 тонна расонанд
Губернатори вилояти Свердловск бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва хоҷагиҳои лимӯпарварии ноҳияи Кушониён шинос шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
ОЁ СОҲИБКОРОН АЗ ИМТИЁЗУ САБУКИҲОИ МУҚАРРАРШУДА БА ПУРРАГӢ ОГОҲАНД? Ин масъаларо дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баррасӣ намуданд
Губернатори Свердловск дар Тоҷикистон бо НБО-и «Норак» ва ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» шинос шуд
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегардад