Вазорати меҳнати Тоҷикистон: дар маълумоти Вазорати корҳои дохилии Россия шумораи муҳоҷирони тоҷик зиёдтар нишон дода шудааст

Апрель 19, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Зоҳир Мирзоев (ДАР АКС) зимни муколама бо «РИА Новости» изҳор дошт, ки маълумоти ВКД Россия дар бораи шумораи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар носаҳеҳ аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ин рақам, ки ВКД Россия пешниҳод намудааст, дар тӯли солиёни зиёд ҷамъоварӣ шудааст. Мо гумон дорем, ки аксари онҳо аллакай бо асноди дигар ба Тоҷикистон бозгаштаанд ва дар онҷо мебошанд», — зикр кард Мирзоев.

Яке аз иштибоҳоти гардиши аснод, ки намояндаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба он ишора мекунад, ин иваз кардани ҳуҷҷатҳо мебошад: дар ин ҳолат муҳоҷир бо асноди нав ба ватан бозмегардад, вале дар махзани маълумотӣ иттилооти кӯҳна боқӣ мемонанд.

Инчунин Мирзоев бо итминон иброз дошт, ки миёни  муҳоҷирони ғайриқонунӣ теъдоди ашхосе, ки танҳо як ё ду қонуншикании маъмурӣ доранд, зиёд мебошад.

«Дар Москва ва Санкт-Петербург, сарфи назар аз он ки ин шахс ба таври қонунӣ кор мекунад, пас аз бо зиёда аз як ҷаримаи маъмурӣ хориҷ шудан (аз Россия — шарҳи АМИТ «Ховар»), метавонад вурудаш ба Россия манъ карда шавад. Онҳо мефаҳманд, ки агар аз ҳудуди  Федератсияи Россия хориҷ шаванд, дигар ба он ворид шуда наметавонанд. Ҳамин тавр онҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд», — гуфт ӯ.

Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби надоштани маблағ наметавонанд пули патентро  сари вақт пардохт кунанд, низ  ба ҳамин категорияи вайронкунандагони қоидаҳо дохил мешаванд.

Намояндагони идораҳои Тоҷикистон ҳоло дар байни ҳамватанони худ ҳам дар Россия ва ҳам дар Тоҷикистон фаъолона корҳои тавзеҳотӣ мебаранд, хулоса кард Мирзоев.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҳамватанони дар Россия буда муроҷиат ва аз онҳо даъват кард, ки то 15 июн тамоми асноди худро ба тартиб оваранд.

«Дар акси ҳол, тоҷикистониён метавонанд аз Россия ихроҷ карда шаванд», — омадааст дар муроҷиатнома, ки дар сафҳаи вазорат дар Фейсбук нашр шудааст.

«Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар қаламрави Федератсияи Россия мебошанд ва бо кадом сабабҳое дар мақомоти муҳоҷират сабти ном нашудаанд, бояд ба шуъбаҳои ноҳиявӣ оид ба масоили муҳоҷират дар маҳалли сукунат (будубош) ҳозир шаванд, худро сабти ном кунанд ва будубоши худро дар Россия то 15 июни соли 2021 тамдид намоянд, чунки дар сурати огоҳӣ надодан (ин корро накардан), шумо ба таври худкор (автоматӣ) ба рӯйхати ашхосе шомил хоҳед шуд, ки вурудашон ба қаламрави Россия мамнуъ хоҳад шуд», — дарҷ шудааст дар муроҷиатнома.

Хотиррасон мекунем, ки Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз мақомоти кишварҳои ИДМ даъват кард, ки шаҳрвандони худро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия мебошанд, ба кишварҳои худ бозгардонанд. Тибқи маълумоти ВКД, дар қаламрави Федератсияи Россия зиёда аз 332 ҳазор нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон, 247 ҳазор — аз Тоҷикистон, 115 ҳазор — аз Қирғизистон, 49 ҳазор — аз Қазоқистон мавҷуд мебошанд.

                                                                               АКС: tajmigration.ru

Апрель 19, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»