Вазорати молия: «Омадани ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати муайянкунии иқтидори неругоҳи Роғун, ҷалби сармоя ва татбиқи фаврии ин лоиҳаи муҳими стратегӣ дар назар аст»

Апрель 28, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонии Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйерде 27 апрел зимни вохӯрии маҷозӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро баррасӣ карданд. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад.

Тавре Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, дар тӯли 28 соли шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба таври назаррас дастгирӣ кардааст.

«Соли 2020 ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ба василаи  ҷудо намудани маблағҳо барои лоиҳаҳои муқовимат бо пандемияи COVID-19 нигаронида шуда, тақвияти бештар ёфт. Кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар кори ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ ва боздоштани паҳншавии пандемия дар ҷумҳурӣ мусоидат кард», — зикр намуд вазир.

Таъкид карда шуд, ки ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон барои сармоягузорони оянда, соҳибкорони ватанӣ фазои устувортар фароҳам меорад ва ба ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбат мерасонад.

Инчунин интизор меравад, ки ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати муайян кардани иқтидори неругоҳи Роғун ба ҷалби сармоя ва татбиқи фаврии ин лоиҳаи муҳими стратегӣ, ки хусусияти минтақавӣ дорад ва метавонад на танҳо ба рушди Тоҷикистон, балки инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак намояд, мусоидат хоҳад кард.

АКС аз Вазорати молияи ҶТ

Апрель 28, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд