Волейболбоздухтарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони Қирғизистонро мағлуб намуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Волейболбоздухтарони ҷавони Тоҷикистон дирӯз дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши СССР Вера Дуюнова, ки 21-23 апрел дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон баргузор мегардад, бо ҳисоби 3:0 бар варзишгарони Қирғизистон ғолиб омаданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ин мусобиқа, ки байни духтарони то 17-сола доир гардид, 6 даста рақобат карданд. Ҳадафи ташкили мусобиқа пайдо кардани варзишгарони болаёқат дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳо барои Бозиҳои осиёии Ханчжоу-2022 ва Олимпиадаи Париж-2024 мебошад.
Дар он дар баробари намояндагони Ӯзбекистон варзишгарон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ширкат карданд.
Дар мусобиқа намояндагони Конфедератсияи волейболи Осиё иштирок намуданд.
«Вера Дуюнова дар ҳайати дастаи мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ғолиби Бозиҳои олимпии Мексика-1968 ва Мюнхен-1972 гардида буд. Вай инчунин муваффақ шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон дар соли 1970 дар Булғория ва соли 1973 дар Уругвай ғолиб ояд. Пас аз ба итмом расонидани фаъолияти касбии худ В.Дуюнова ба оммавӣ гардонидани варзиши бачагона ва занона дар Ӯзбекистон машғул буд. Вай солҳои зиёд роҳбари мактаби махсусгардонидашудаи волейбол буда, донишу таҷрибаи худро ба насли наврас дарс медод. Инчунин ба ҳайси ноиби президенти КМО Ӯзбекистон кор кардааст»,- гуфт котиби генералии Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳусан Насруллоев.
ДАР АКС: дастаи волейболбозони ҷавони Тоҷикистон. Акси АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






