«Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расонид. Инъикоси ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раванди корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатиcозии босуръати мамлакат ва баргузории нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё- Раванди Истанбул» дар шаҳри Душанбе аз зумраи муҳимтарини онҳо ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷумла «Ҷумҳурият», нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар шумораи № 64, чоршанбе- 31 марти соли равон зери сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Мардуми тоҷику афғон бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанганд»» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё- Раванди Истанбул», ки 30 март дар шаҳри Душанбе доир гардид, нашр намудааст. Дар он гуфта шудааст, ки «Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.
Ин ҷониб шахсан дар чандин ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаам, ки кумаки худро дар ҳалли қазияи Афғонистон дареғ надоранд, зеро буҳрони ин кишвар як мушкили байналмилалист.
Зиёда аз 40 сол аст, ки дар ин кишвар нооромӣ ва низоъ идома дорад.
Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила кардан ба умури дохилии он сар задааст, мусибати зиёд мебинад».
«Ҷумҳурият» дар шумораи №62-63, сешанбеи 30 март доир ба Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон матлабу мақолаҳо нашр намудааст.
Дар шумораи мазкур мусоҳибаи рӯзноманигор Фарзона Файзалӣ бо директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода доир ба масъалаи муҳими рӯз- гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон ба нашр расидааст. Дар ин мусоҳиба зикр шудааст, ки барои барқарор намудани рӯзгори муътадили пешин дар соири кишварҳо эмкунии оммавӣ оғоз гардида, дар ҷаҳон беш аз 382 миллион нафар алайҳи COVID-19 иммунизатсия шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар аввалин имкон позаҳри COVID-19-ро дастрас намуд, то шаҳрвандон алайҳи ин беморӣ иммунизатсия шаванд. Бо ин мақсад, дар тамоми марказҳои саломатӣ ва тиббии мамлакат беш аз 339 нуқтаи эмгузаронӣ омода мебошанд.
Дар мақолаи «Бузургонро бузургон зинда медоранд. Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи Пешвои миллат» муаллиф, Корманди шоистаи Тоҷикистон Раҷабалӣ Қудратзода нигоштааст, ки «магар бар сари миллати тоҷик мурғи ҳумо биншаста буд, ки дар асри бист се фарзанди бузургу фарзонааш- устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаро ба мардуми ҷаҳон армуғон овард ва онҳоро дар хидмати инсоният вогузошт».
Дар шумораи дигари нашрияи мазкур роҷеъ ба сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Хатлон: ифтитоҳи бинои марказии саломатӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Кӯшониён, боздид аз ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот», ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Заргар, истифодаи пули мошингузар дар ноҳияи Ёвон, оғози бунёди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва шиносоӣ бо лоиҳаи якчанд иншооти нав маълумот дода шудааст.
«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи№39-40 (4301-4302), сешанбе- 30 марти соли 2021, дар радифи хабару гузоришҳо маводеро таҳти сарлавҳаи «Сафари расмии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон», «Солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят Хатлон 620 корхонаи саноатӣ бунёд гардид», «Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон» нашр намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора шакли пурраи «Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон» интишор шудааст.
Дар шумораи мазкур мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу рӯи чоп омадааст.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/ дар шумораи 31 марти соли 2021, чоршанбе, №13 (1307) чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат дар саҳифаҳои худ доир ба Сафари расмии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон ва Конфронси «Қалби Осиё- раванди Истанбул» мавод таҳия ва чоп намудааст.
Дар саҳифаи 12 нашрияи мазкур мақолаи доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод зери сарлавҳаи «Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст» ба нашр расидааст.
Аз ҷумла, муаллиф дар мақолаи хеш зикр намудааст, ки «ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух ва масъалаи анклав будан, пешниҳоди иваз намудан бори дигар ин нуктаро равшан месозад, ки ҷониби Қирғизистон бо таассуф ҳамеша аз дарки ҳақиқати таърихи чандинҳазорсола фурӯгузорӣ мекунад ва намехоҳад онро, ки дар саҳифаҳои китобҳои бузурги таърихӣ сабт шудаву ҳатто донишмандону ҷаҳонгардони хориҷӣ эътироф намудаву бар пояи он осори фаровони илмӣ, таърихномаҳо нигоштаанд, қабул намояд.
«Народная газета»-нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шумораи № 12 (20293) 31 марти соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмӣ мавзӯъҳои рӯзмарраро пайгирӣ намуда, аз ҷараёни баргузории нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид, муфассал гузориш додааст. Ҳамзамон нашрияи расмии «НГ» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат, ба монанди «Душанбе- культурная столица Содружества-2021», «В честь 20-летия ШОС состоялся футбольный турнир», «Таджикский ученый по фауне», «В Кулябе введен в эксплуатацию ряд юбилейных объектов» мунташир намудааст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»