ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳаи Ноҷии Болои шаҳри Ҳисор беш аз 5,5 километр роҳ мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 13.05.2021/АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Ноҷии Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки имрӯзҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён доранд, беш аз 5,5 километр роҳро аз шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор то маркази деҳа мумфарш менамоянд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо мақсади иштирок дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Ноҷии Боло ба ин минтақа рафта, бо нақшаи мумфаршкунии роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор то маркази деҳа, ки зиёда аз 5,5 километрро ташкил медиҳад, шинос шуд. Дар мавзеи роҳ, ки мумфарш мегардад, техникаҳои роҳсозии ширкати «Роҳи тоҷик», инчунин пирони кор ва ҷавонони деҳа бо белу каланд ғарами асфалти гармро болои роҳ ҳамвор менамуданд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эълони соли 2021- Соли роҳҳои обод дар Ҳисор дар деҳоти шаҳр бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ва аҳолӣ роҳҳои ҳудуди деҳаҳо таъмиру таҷдид ва мумфарш мегарданд.
Дар меҳвари ин ташаббусҳо дар чор моҳи имсол беш аз 30 километр роҳ дар маҳаллаҳои Белайдуз, Омӯзгор, Ҳамадонӣ ва кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Муҳаммадӣ Сатторови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, инчунин зиёда аз 10 километр дар деҳаҳои Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон мумфарш карда шуданд. Мояи хушнудист, ки ин иқдом пайваста раванди тоза касб карда, пайравӣ ба он ба ҳукми анъана даромадааст.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст






