Ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ омили мусоидаткунанда ба сатҳи зиндагии аҳолӣ буда, зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат ҷиҳати назорати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилот пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Зимни ҷаласа зикр шуд, ки айни замон бо вуҷуди зери назорати қатъӣ қарор доштани фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъ дар самти бартарафсозии қарздории музди меҳнат ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Доир ба ин масъала гузориши сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо — раисони ситодҳои доимоамалкунанда оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат, инчунин роҳбарони корхонаву ташкилоте, ки аз пардохти музди меҳнат қарздоранд, аз натиҷаи фаъолият ва дар бораи сабабҳо ва тадбирҳои андешидашуда дар самти пешгирӣ аз пайдоиш ва пардохти қарз аз музди меҳнати кормандон ҳисобот доданд.
Бо муайян гардидани сабабҳои пайдоиши қарз аз музди меҳнати кормандон аз ҷониби раиси ҷаласа ба масъулин бо назардошти хусусияти корхонаҳои қарздор тавсия ва дастуру супоришҳо дода шуданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки таҳияи ҷадвали моҳ ба моҳ пардохт намудани қарздории музди меҳнат то пурра ҳисобӣ намудани он, фурӯши маҳсулоти мавҷуда, ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳои ташкилот, ба музояда гузоштани дороиҳои корхона, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа ва ғайраҳо аз ҷумлаи роҳҳои ҳалли масъала маҳсуб меёбанд.
Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар кори ситод иштирок намуда, омодагии худро дар тақвияти фаъолият ва ҳалли мушкилоти мавҷуда иброз намуданд.
Дар хотима бо назардошти баррасии масъала ва таҳкими фаъолият ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






